Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сочӣ то 30 миллиард долларро "фурӯ" бурдааст


Раҳбари яке аз ҳизбҳои мухолифи ҳукумати Русия, собиқ ноиби нахуствазир Борис Немтсов гуфтааст, ки дар иншооти олимпии Сочӣ аз 24 то 30 миллиард доллар дуздида шудааст.

Борис Немтсов, ки гузориши сирқати миллиардҳо дар Сочиро ба рӯзноманигорон муаррифӣ мекард, гуфт, натиҷагирии асосӣ аз боби аввали гузориш ба он далолат мекунанд, ки дар ҷараёни омодагӣ ба Олимпиадаи зимистонаи соли 2014 то 30 миллиард доллар ба яғмо рафтааст.

Немцов гуфтааст, ин рақам дар натиҷаи муқоисаи қимати ибтидоии бозиҳо, ки 51 миллиард гуфта мешуд, ва харҷҳои ҳамсон дар олимпиадаҳои гузашта ҳосил шудааст. Собиқ ноиби нахуствазир иддао кардааст, ки ин маблағро мақомот ва тоҷирон дар тӯли солҳои омодагӣ ба Бозиҳои олимпии зиистони соли 2014 ба яғмо бурдаанд.

Немтсов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар ин пулдуздӣ нафаронеро гунаҳкор кард, ки бо президенти Русия Владимир Путин робита доранд: “Маълум аст, ки дӯстони Путин Олимпиадаро омода мекарданд, маълум аст, ки ӯ дӯстони худро зиндонӣ кардан намехоҳад. Вале мо наметавонем ин ҳолро оромона таҳаммул кунем, зеро дар идома пулкашиҳо боз ҳам бештар мешаванд. Дуздии онҳо ин шӯхиҳои бачагона нест, ин таҳдди ба амнияти милии Русия аст.”


Борис Немтсов
Борис Немтсов
Борис Немтсов ба тафтиши сирқати миллиардҳо доллар даъват кард ва ҳизби ӯ расман аз раҳбари Кумитаи тафтишоти Русия Александр Бистрикин дархост намуд, ки санадаҳои марбут ба эҳтимоли дуздии маблағҳои олимпиро боз кунад. Ӯ ҳамчунин аз раиси Палатаи Ҳисоби Русия Сергей Степашин хостааст, дастрасиро ба ҷузъиёти маълумот дар бораи эҳтимоли дуздии пулҳо таъмин намояд.

Гуфта мешавад, аудиторҳои давлатӣ борҳо аз башиддат сарф шудани маблағҳо дар Сочӣ изҳори нигаронӣ карда ва аз додситони кулл даъват намудаанд, ки ба баъзе қазияҳо таваҷҷӯҳ кунад.

Бозиҳои Олимпии Сочӣ бо 51 миллиард доллар масрафот аз гароннархтарин бозиҳои тобистона ва ё зимистона дар таърихи Бозиҳои олимпӣ номбар мешавад. Барои муқоиса дар ташкили бозиҳои олимпии соли 2012 дар Лондон 14 миллиард доллар сарф шуда буд.

Сӯҳбатҳо аз сирқати миллиардҳо доллар дар иншооти олимпии Сочӣ дар ҳоле матбуотӣ шудаанд, ки ширкатҳои сохтмонӣ дастмузди бунёдкорони аслии он -муҳоҷирони кориро ба сахтӣ пардохт мекунанд. Ахиран гурӯҳе аз муҳоҷирони корӣ, ки чандин моҳ маош нагирифта буданд, даст ба коршиканӣ заданд ва дар ҳалли мушкили худ аз матбуот кумак хостанд.
XS
SM
MD
LG