Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Навоз Шариф ҳамлаи мушакиро маҳкум кард


Навоз Шариф, нахуствазири ояндаи Покистон, ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишини Амрикоро маҳкум кард, ки дар он ҳамла фармондеҳи дуввуми Толибон дар Покистон кушта шуд. Дар баёнияи расмие дар рӯзи ҷумъа Навоз Шариф ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишини нақзи қонунҳои байналмилалӣ ва беэҳтиромӣ ба истиқлолияти Покистон хонда ва аз он ибрози таасуф кардааст. Дар ин баёния ишорае ба Валӣ ур-Раҳмон, раҳбари баландрутбаи Покистон нашудааст, ки дар ҳамлаи мушакӣ ҳалок шудааст. Навоз Шариф, ки ҳизбаш дар интихоботи порлумонии Покистон дар моҳи май пирӯз шуд, рӯзи чаҳоршанбе расман ба ҳайси нахуствазир қасам ёд мекунад.
XS
SM
MD
LG