Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гази Озарбойҷон ба Аврупо меравад


Амрико аз тасмими ҳукумати Озарбойҷон дар мавриди интихоби лӯлаи интиқоли гази табиӣ ба Аврупо истиқбол кардааст.

Рӯзи ҷумъа ҳукумати Озарбойҷон эълон кард, ки консорсиуми байналмилалӣ барои интиқоли маводи сӯхт аз кони Шоҳ Дениз 2 ба Аврупо масири ҷанубӣ ва лӯлаи маъруф бо номи ТАП (Trans-Adriatic Pipeline)-ро интихоб кардаст.

Долони ҷанубӣ содироти гази табиӣ тавассути Озарбойҷон, Гурҷистон ва Туркияро дар бар мегирад. Ба қавли департаменти давлатии ИМА ин интихоб аз он шаҳодат медиҳад, ки Иттиҳодияи Аврупо воқеан дар фикри гуногунсозии роҳҳои воридоти маводи сӯхт ба ин қора мебошад. Ба қавли Патрик Вентрел, сухангӯи департаменти давлатии ИМА бунёди лӯлаи ҷанубӣ ва содир намудани гази ҳавзаи Дарёи Хазар ба амнияти энергетикии олам саҳмгузор хоҳад буд.

Пеш аз эълони ҳукумати Озарбойҷон ширкати энергетикии Австрия бо номи OMV эълон кард, ки консорсиуми байналмилалӣ аз истифодаи лӯлаи ғарбии интиқоли нафту газ, ки бо номи Набукко Вест (Nabucco-West) маъруф аст, даст мекашад. OMV, ки яке аз ширкатҳои асосии бунёдкунандаи лӯлаи Набукко Вест мебошад, рӯзи чоршанбе изҳороте пахш намуда, иброз дошт, ба қавли консорсиум интиқоли маводи сӯхти баҳри Каспий ба Аврупо бо истифода аз масири ҷанубӣ арзонтар будааст. Барои қарордоди интиқоли маводи сӯхти Озарбойҷон ба Аврупо интихоби яке аз ду масир: Набукко Вест ва ТАП баҳс мешуд. Дар коркарду истихроҷи гази табиӣ аз кони Шоҳ Дениз 2 ширкатҳои Британия, Озарбойҷон, Норвегия ва Олмон саҳм доранд.

Лӯлаи ТАП 900 километрро ташкил медиҳад. Он дар Туркия оғоз ёфта тавассути Юнон ва Албания то Италияи ҷанубӣ тӯл кашидааст. Лӯлаи Набукко Вест 1300 километрро ташкил дода, аз Булғористон тавассути Руминия ва Маҷористон то Австрия тӯл кашидааст.

Ҷулиан Лӣ аз Маркази пажӯҳишҳои энергияи саросарӣ дар Лондон мегӯяд:
“Мушкили Набукко ин аст, ки лӯла хеле бузург мебошад. Дар чунин ҳол пайдо намудани як манбаъ ва ё чанд манбаъ барои таъмини маводи сӯхт ва комилан фаъол шудани лӯла душвор аст. Бар илова, ҳаққи транзит дар лӯлаи калон нисбат ба лӯлаи хурд бузургтар аст.”

Ҷонатан Штерн аз пажӯҳишгоҳи энергетикии Оксфорди Британия мегӯяд, дар баробари лӯлаи ҷанубии воридоти гази табиӣ ба Аврупо вақтҳои ахир воридоти гази моеъ аз Ховари Миёна, ки ба воситаи киштиҳои газкашон амалӣ мешавад, аҳамият касб кардааст: “Дар ҳоле мардум дар бораи долони ҷанубӣ ҳарф мезананд, ҳадафи асосӣ маълум аст-воридоти гази табиӣ аз баҳри Каспий ва Ховари Миёна ба Аврупо. Аҳамияти истифодаи лӯла дар дарозмуддат хеле бузург аст. Аммо дар кӯтоҳмуддат кишварҳои Аврупо бунёди терминалҳои гази моеъро низ суръат бахшидаанд.”

Коршиносон мегӯянд, ҳамзамон бо он гуногунсозии воридоти маводи сӯхт Аврупо дар фикри истифодаи бештар энергияи навшаванда аст. Иттиҳодияи Аврупо тасмим гирифтааст, ки ҳар як кишвари узви ин созмон то соли 2020-ум камаш 10 дар сади энергияро аз ҳисоби манбаъҳои навшаванда ба монанди нерӯи офтобу бод ва ё маводи сӯхти биологӣ дастрас намояд.
XS
SM
MD
LG