Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хорватия узви 28-уми Иттиҳодияи Аврупо


Парчами Иттиҳодияи Аврупо рӯи бинои Театри миллии Хорватия дар шаҳри Загреб
Парчами Иттиҳодияи Аврупо рӯи бинои Театри миллии Хорватия дар шаҳри Загреб
Сар аз якуми июли соли 2013-ум Хорватия узви 28-уми Иттиҳодияи
Аврупо ба шумор меравад.

Хорватия бо наздик ба чоруним миллион аҳолиаш 20 сол пеш аз Югославия ҷудо шуда, ҳамчун кишвари соҳибистиқлол музокирот барои узвият дар Иттиҳодияи Аврупоро шурӯъ карда буд.

Аз ҷамоҳири Югославияи собиқ Словения дар соли 2004-ум ба узвияти Иттиҳодияи Аврупо пазируфта шудааст.

Узвият дар Иттиҳодияи Аврупо ба таври автоматӣ Хорватияро ба минтақаи Шенген ва евро, яъне рафтуомади озод дар дохили Иттиҳодия ва гардиши пули аврупоӣ шомил нахоҳад кард.
XS
SM
MD
LG