Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифини мисрӣ истеъфои Мурсиро талаб доранд


Рӯзи якшанбе мухолифини президенти Миср дар майдони Таҳрири Қоҳира ҷамъ шуданд.

Рӯзи якшанбе дар аввалин солгарди раёсатҷумҳурии Муҳаммад Мурсӣ эътирозҳои саросарӣ бо тақозои истеъфои президент ва интихоботи нав доир мешаванд.

Ҷунбиши мухолифин мегӯяд, барои истеъфои Мурсӣ 22 миллион имзо ҷамъ кардааст. Ба қавли мухолифин Мурсӣ имкони татбиқи ислоҳотро аз даст дода, ба ҷои он ҷунбиши исломии Ихвонулмуслиминро сари қудрат овард.

Мухолифин шикоят доранд, ки дар Миср сатҳи зиндагӣ поин шуда, вазъи иқтисод вахим гардидааст.

Мурсӣ мегӯяд, ки истеъфо нахоҳад рафт. Дар давоми ҳафтаи гузашта дар нооромиҳои Миср камаш 8 нафар ва аз ҷумла як шаҳрванди Амрико ҳалок шудаанд.
XS
SM
MD
LG