Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрикоиҳо солгарди паёми Мартин Лютер Кингро ҷашн гирифтанд


Суханронии раисиҷумҳури Амрико, Барак Обама дар таҷлил аз солгарди паёми Мартин Лютер Кинг.
Суханронии раисиҷумҳури Амрико, Барак Обама дар таҷлил аз солгарди паёми Мартин Лютер Кинг.

Ҳазорон нафар рӯзи чаҳоршанбеи 28-уми август дар майдоне ҷамъ омаданд, ки 50 сол дар фазои он суханони таърихии Мартин Лютер Кинг садо дода буданд.

Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико гуфт, орзуи Мартин Лютер Кинг барои як Амрикои орӣ аз нобаробарӣ на пурра, балки қисман амалӣ шудааст. Барак Обама ба ҳазорон нафар аз мардумони гуногуннажод дар майдони марказии шаҳри Вашингтон пайваст, ки барои таҷлили 50-умин солгарди нутқи таърихии Мартин Лютер Кинг ҷамъ омада буданд.

Дар пояи маҷмаъи меъмории Линколн, ки соли 1963 Мартин Лютер Кинг, нутқи “Ман орзу дорам”-ро эрод кард, Барак Обама, нахустин раиси ҷумҳури сиёҳпӯсти Амрико мисли дигар нотиқон аз мардуми кишвараш даъват кард, ки аз пешрафтҳои ҳосилшуда қаноатманд набошанд ва бо “ҳушёрии пайваста” барои ормонҳои Мартин Лютер Кинг мубориза баранд: "Барои ҳифзи пешрафтҳое ба кишвар ноил шудааст, на худтаскиндиҳӣ, балки ҳушёрии пайваста лозим аст."

Ба гуфтаи Барак Обама, барои мубориза бо нобаробариҳои иқтисодӣ, ислоҳоти муҳоҷират, табъизи аққалиятҳои ҷинсӣ ҷасорати соли 1963 лозим аст. Ба муносибати 50-солагии паёми машҳури Мартин Лютер Кинг дар сад шаҳри Амрико ҳамзамон ноқусҳо ба садо омад, зеро Кинг паёми худро бо ҷумлае хотима дода буд, ки “бигзор озодӣ дар ҳама ҷо зангӯла занад”.

28-уми августи соли 1963 зиёда аз дусад ҳазор амрикоӣ дар Вашингтон барои шуғл ва озодӣ раҳпаймоӣ карданд. Паёмҳои осоишта, бехушунат, аммо ситезаҷӯёна ба ин маъно буданд, ки беэҳтиромӣ ва тафриқа дигар таҳаммул нахоҳанд шуд.

Доктор Мартин Лютер Кинг, ки фалсафаи нобазӯрии ӯ акнун ҳимояти миллӣ дошт, баҳори он сол аз маҳбаси Бирмингем озод шуда буд.

Дар рӯзи раҳпаймоӣ ҳазорон нафар дар майдони байни муҷасссамаи Вашингтон ва Ёдгоҳи Линколн ҷамъ омадаву акси онҳо ба ҳавзи бузург меафтод.

Нотиқон яке паси дигар ба хотимаи тафриқа ва иҷрои ваъдаи амрикоӣ даъват мекарданд. Кинг сухангӯи 16-уми ва охирин буд: “Амрико ба сиёҳпӯстон чеки бад додааст, ки бо ишораи “пул нест” бармегардад.”

Аммо машҳуртарин бахши паёми ӯ мисли муноҷоте адо шуд: “Ман орзуе дорам, ки як рӯз ин мамлакат ба по мехезад, то маънии ҳақиқии тариқати худро дарёбад. Ин ҳақиқати худисбот аст, ки ҳамаи инсонҳо баробар офарида шудаанд.”

Паём ба президенти ҷавон Ҷон Кеннедӣ ҳам таъсир дошт, ки он нимарӯз сарони ҳамоишро ба ҳузур пазируфт.Ин мулоқоте буд, ки Қонуни фарогири ҳуқуқи инсонро барои ҳукумати Кеннедӣ фароҳам овард. Ва фурсати тағйирдиҳандае буд, ки ҷомеаи Амрикоро одилтар гардонд. Бо гузашти айём паём ба ойинае табдил ёфт, ки ҳар иқдомеро бо баландтарин меъёрҳо доварӣ мекунад. Ҳатто пас аз панҷоҳ сол низ...

50-солагии паёми машҳур
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:32 0:00
XS
SM
MD
LG