Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 5 сарбози покистонӣ аз таркиши бомби сарироҳӣ


Бар асари таркиши бомби сарироҳӣ дар Вазиристони шимолӣ, воқеъ дар шимолу ғарби Покистон, рӯзи якшанбе дасти кам 5 сарбози ҳукуматӣ ба ҳалокат расида, тақрибан 20 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. Ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ, ҳадафи ҳамла корвони мошинҳои низомӣ буд, ки аз ин роҳи воқеъ дар марз бо Афғонистон убур мекард.

Масъулияти ҳамларо ягон гурӯҳ бар дӯш нагирифтааст.

Рӯзи шанбе бар асари зарбаи ҳавопаймои бесарнишини амрикоӣ ба қароргоҳи ҷангҷӯён дар канори деҳаи Хассухел се нафар ҷон бохтанд.
XS
SM
MD
LG