Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Босния бори аввал нуфусшуморӣ сурат мегирад


Дар Босния пас аз 22 соли истиқлоли ин кишвар нахустин бор баҳисобгирии аҳолӣ сурат мегирад. Нуфусшуморӣ, ки аз якум то 15 октябр идома мекунад, масъалаи ҳассосе дар Босния аст, зеро таркиби қавмии онро ҳувайдо хоҳад кард. Баъди ҷангҳои солҳои 1992-1995, қудрат дар Боснияро бар асоси созишномаи сулҳи Дейтон миёни босниҳову, сербҳо ва хорватиҳо тақсими карданд. Бар асоси нуфусшумории соли 1991 босниҳои мусулмон 43,5 дар сад, сербҳо 31,2 дар сад ва хорватиҳо 17,4 дар садро ташкил медиҳанд. Раҳбарони сиёсӣ ва рӯҳониёни ҳар се қавм аз мардум даъват доштанд, ки зимни нуфусшуморӣ миллияти худро зикр кунанд. Қарор буд, нуфусшуморӣ соли 2012 сурат бигирад, аммо бинобар мухолифати аҳзоби сиёсии Босния ба таъхир гузошта шуд.
XS
SM
MD
LG