Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Н.Шариф: "Музокирот бо Толибони покистонӣ оғоз шудааст"


Навоз Шариф, нахуствазири Покистон.
Навоз Шариф, нахуствазири Покистон.

Сарвазири Покистон мегӯяд, ки гуфтушуниди сулҳ бо Толибони покистонӣ оғоз шуд. Вале ӯ нагуфт, ки дар ин гуфтугӯҳо дақиқан киҳо ширкат доранд ва чӣ масоиле дар барномаи он шомил мебошад.

Дар як эъломияи сафорати Покистон дар Бритониё омадааст, ки нахуствазири Покистон дар мулоқот бо муовини нахустазири Бритониё Ник Глекк дар Лондон, гуфтааст, ки музокирот бо Толибони покистонӣ шурӯъ шудааст.

Навоз Шариф изҳор доштааст, ки ӯ умедвор аст ва дуо мекунад, ки ин гуфтугӯҳо дар чаҳорчӯби Қонуни асосии Покистон натиҷаи мусбат диҳад. Навоз Шариф меафзояд, ҳукумати Покистон дигар наметавонад интизор бошад ва бубинад, ки мардуми бегуноҳ ва нерӯҳои амниятӣ дар хиёбонҳои ин кишвар кушта шаванд.

Навоз Шариф дар интихоботи парлумонии Покистон, ки моҳи майи соли ҷорӣ баргузор шуд, ваъда дода буд, ки бо Толибон вориди музокира мешавад. Дар моҳи сентябри соли ҷорӣ намояндагони аҳзоби дигари сиёсии Покистон аз ин тарҳ ҳимоят карданд. Аммо Толибон дар ин замина то ҳол тамоюли ҷиддӣ нишон надодаанд. Толибон мехоҳанд, ки Покистон аз ҳимояти ҷанг таҳти раҳбарии Амрико дар Афғонистон даст бикашад ва артиши Покистон аз минтақаҳои қабиланишин дар дарозои марз бо Афғонистон хориҷ шавад.

Талаби дигари Толибон ин аст, ки ҳамлаҳои ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини амрикоӣ дар минтақаҳои қабиланишини ин кишвар мутаваққиф шавад. Мавзӯи ҳамлаи ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин як мавзӯи ҳассос мебошад, ки на танҳо Толибони Покистон, балки шумори зиёде аз покистониҳо ҳам хоҳони поён додан ба он буда ва онро нақзи ҳокимияти миллии кишварашон мехонанд.

Имрон Хон таҳдид кардааст, ки роҳҳои икмолотии НАТО-ро масдуд мекунанд
Имрон Хон таҳдид кардааст, ки роҳҳои икмолотии НАТО-ро масдуд мекунанд
Ҷунбиши адолати Покистон бо раҳбарии Имрон Хон дирӯз ҳушдор дод, ки агар дар раванди музокироти сулҳ ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини амрикоӣ ҳамлаҳо анҷом диҳанд, тамоми роҳҳои икмолотии НАТО дар Покистон баста хоҳад шуд.

Ҳизби ин крикетбози собиқ, ки акнун ба як сиёсатмадор табдил шудааст, дар вилояти Хайбар-Пахтунхоҳ ҳукуматро дар даст дорад ва мухолифи ҷиддии ҳамлаҳои ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин дар ин минтақа мебошад. Имрон Хон дар як гирдиҳамоӣ дар Лоҳур гуфт, ҳизбаш ин қудратро дорад, ки роҳҳои икмолотии НАТО-ро бибандад ва ҳушдор дод, ки ин суханонаш набояд ғайри ҷиддӣ пиндошта шавад.

Хабаргузории Ассошиэйтед пресс дар ин маврид навиштааст, ин умеди Навоз Шариф, ки мегӯяд музокирот дар чаҳорчӯбаи Қонуни Асосии Покистон баргузор мешавад, шояд як андоза ҷанҷолбарангез бошад, зеро Толибони Покистон мехоҳанд як тафсири ҷиддитар аз шариати исломӣ дар Покистон ҳоким шавад, шадидтар аз ончӣ дар Қонуни асосии Покистон дарҷ мебошад.

Баъд аз пирӯзӣ дар интихоботи моҳи май, ҳизби муҳофизакори Робитаи мусалмонон ба раҳбарии Навоз Шариф аз музокира бо Толибон ҳимоят кард ва ба поён додан ба задухӯрдҳои чанд даҳсола бартарӣ қоил шуд. Дар ин нооромиҳо бештар аз 50 000 сарбозону ғайринизомиён ва шӯришиён кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG