Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари Толибони Покистонро куштанд


Бино ба гузоришҳо, Ҳикматулло Маҳсуд, раҳбари Таҳрики Толибони Покистон дар ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишини Амрико кушта шудааст. Манобеъе дар дохили Толибони Покистон, ин хабарро ба Радиои Машъал, бахши покистонии Радиои Озодӣ таъйид карданд. Пештар аз ин маъмурони амниятӣ гуфтанд, ки дар ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишин дар рустои қабоилнишини Данди Дерпахел дар вилояти Вазиристони Ҷанубӣ чаҳор тундрави исломӣ, аз ҷумла ронанда ва муҳофизи Ҳикматулло Маҳсуд кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG