Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳурот дар Украина идома мекунад


Интизор меравад, имрӯз ҳам дар гӯшаҳои мухталифи Украина тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ идома кунад. Баъди он ки Виктор Янукович, раиси ҷумҳури Украина, аҳдномаи муҳими ҳампаймонӣ бо Иттиҳодияи Аврупоро рӯзи ҷумъа дар Латвия имзо накард, тарафдорони ҳамоиш бо ин иттиҳодия ба хашм омада ва ба хиёбонҳо рехтанд. Рӯзи шанбе маъмурони пулиси Украина садҳо нафарро аз майдони марказии шаҳри Киев бо калтаку гази ашковар пароканда карданд. Иттиҳодияи Аврупо ва Амрико амалкарди пулисро маҳкум карданд ва Виктор Янукович ваъда дод, ки қазияро таҳқиқ мекунад. Пешвоёни мухолифони давлати Украина гуфтаанд, ки тарафдоронашонро ба коршикании саросарӣ даъват хоҳанд кард. Шоми якшанбе ҳудуди 10 ҳазор тазоҳургар дар назди як калисои наздик ба Майдони Истиқлол дар маркази шаҳри Киев раҳпаймоӣ карданд. Дар шаҳри Лвов низ ҳамингуна тазоҳурот сурат гирифт, дар Харков, тарафдорони ҳукумат ба хиёбонҳо баромаданд.
XS
SM
MD
LG