Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хорватия издивоҷи ҳамҷинсгароёнро мамнӯъ мекунад?


Дар Хорватия раъйпурсӣ дар мавриди издивоҷи расмии ҳамҷинсгароён баргузор мешавад ва мумкин, чунин издивоҷро дар ин кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо мамнӯъ кунанд. Дар тарҳе, ки ба раъйпурсӣ гузошта шудааст, издивоҷро “ҳамбастагӣ миёни зану мард” тафсир кардааст. Дар остонаи раъйпурсии умумӣ бештар аз 1000 нафар дар маркази шаҳри Загреб, пойтахти Хорватия ҷамъ омада, эътироз карданд. Раъйпурсӣ бо ташаббуси калисои католики кишвар сурат мегирад ва баҳси доғеро барангехта ва аҳолии бештар аз 4 миллион нафарии Хорватияро ба ду ҷабҳа тақсим кардааст. Ҳукумату, ҳомиёни ҳуқуқ ва шахсиятҳои шинохта аз мардум хостаанд, ки мухолифи тарҳ раъй диҳанд.
XS
SM
MD
LG