Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар садамаи қатор дар Ню Йорк 4 тан кушта шуданд


Дар шаҳри Ню Йорк як қатор аз роҳаш хориҷ шудааст ва чаҳор мусофири он ба ҳалокат расидаанд. Фалокат рӯзи якшанбе дар Бронкс маҳаллае дар канори Ню Йорк ба вуқӯъ пайвастааст ва гуфтаи мақомот “чандин нафар” талаф шудаанд. Эндрю Куомо, раиси шаҳри Ню Йорк гуфт, ки дар натиҷаи садамаи қатор 63 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Гурӯҳҳои оташнишонӣ ва табибон ба маҳалли садама шитофтаанд, ки сабаби он ҳоло маълум нест.
XS
SM
MD
LG