Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия: Арафот бо аҷали худ мурд, на аз заҳри полониум


Русия рӯзи панҷшанбе эълон кард, ки марги Ёсир Арафот, раиси пешини Ташкилоти худгардони Фаластин дар соли 2004, ба сабаби заҳролудшавӣ бо модаи радиоактив набудааст.

Ба гузориши хабаргузории "Ройтерз", коршиносони тибби қонунии рус, ки ба ҳамроҳии гуруҳе аз пизишкони қонунӣ аз Шведсария ва Фаронса роҷеъ ба сабабҳои марги Ёсир Арафот таҳқиқ мекунанд, рӯзи панҷшанбеи 26-уми декабр эълон карданд, ки оқои Арафот на ба сабаби заҳролудшавӣ, балки ба таври табиӣ вафот кардааст. Ба дунболи ин эълом, яке аз аъзои баладпояи Созмони озодибахши Фаластин ин изҳоротро дорои ангезаи сиёсӣ хонд.

Ёсир Арафот, ки соли 1992 паймони сулҳи муваққати Ослоро бо Исроил имзо карда буд, соли 2000 ҳаракати худҷӯш ё интифозаи дувуми фаластиниҳо алайҳи Исроилро раҳбарӣ кард. Ӯ соли 2004 дар сини 75 солагӣ дар Фаронса даргузашт. Он замон табибони фаронсавӣ гуфтанд, ки оқои Арафот бар асари сактаи мағзӣ даргузашт, аммо таъкид карданд, ки наметавонанд сарчашмаи бемории вайро мушаххас кунанд. Соли 2004 ҳеҷ колбадшикофие бар рӯи ҷасади Ёсир Арафот сурат нагирифт.

Пас аз он ки дар соли 2012 шабакаи хабарии "Ал-ҷазира" дар мустанаде эълом кард, ки дар таркиби либосҳое, ки Ёсир Арафот дар тан дошт, миқдоре аз полониум 210 буд, Ташкилоти худгардони Фаластин ба кушодани қабри вай мувофиқат кард ва намунаҳое аз бадани Ёсир Арафот дар ихтиёри табибони қонунии Шведсария, Фаронса ва Русия қарор гирифт.

Табибони шведсариягӣ моҳи гузашта эълом карданд ки озмоишҳои онҳо ҳикоят аз вуҷуди заҳри полониум дар бадани оқои Арафот мекунад, аммо афзуданд, ки онҳо далели қатъӣ надоранд, ки нишон диҳад, вай бар асари заҳролудшавӣ ҷон бохтааст. Фаронса низ моҳи ҷорӣ таъкид кард, ки оқои Арафот бар асари заҳролудкунӣ намурдааст. Изҳороте, ки табибони рус низ акнун ба он таъкид доранд.

Фуод Мустафо, сафири Фаластин дар Маскав рӯзи панҷшанбе гуфт, алорағми изҳороти Русия, таҳқиқот дар хусуси иллати марги Ёсир Арафот ҳамчунон идома хоҳа ёфт. Саҳо Арафот, ҳамсари Ёсир Арафот мегӯяд, ки марги шавҳараш як террори сиёсӣ буд, ки аз тарафи афроди наздик ба оқои Арафот иҷро шудааст. Бисёре аз фаластиниҳо низ мӯътақиданд, ки Исроил дар марги ӯ даст дорад. Иттиҳоме, ки Исроил онро радд кардааст.
XS
SM
MD
LG