Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Истиқлол” ба дарвозаи “Равшан” 7 голи беҷавоб зад


“Истиқлол”-и Душанбе дар бозии аввали ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон “Равшан”-и Кӯлобро бо ҳисоби бузурги 7:0 шикаст дод.

Бозии нахустини даври ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои «Истиқлол» (Душанбе) - «Равшан» (Кӯлоб) бо пирӯзии мизбонон бо ҳисоби бузурги 7:0 хотима ёфт. Ин бозӣ 22 сентябр дар шаҳри Душанбе, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, баргузор шуд.

Бозӣ комилан бо бартарии “Истиқлол” сурат гирифт. Душанбегиҳо дар нимаи аввали дидор чаҳор гол заданд. Се голи дигарро “Истиқлол” дар нимаи дувум ба самар расонд.

Ҳамин тариқ, «Истиқлол», ки рақибашро дар бозии аввали ниманиҳоӣ бо ҳисоби бузург шикаст дод, барои ба финал баромадан заминаи устувор гузошт. Бозии ҷавобӣ рӯзи ҷумъаи 25 сентябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб барпо мегардад.

Ёдовар мешавем, бозии нахустини даври ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон миёни дастаҳои ССКА «Помир» (Душанбе) - «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), ки 20 сентябр дар пойтахти кишвар, дар Варзишгоҳи КМВА (Клуби марказии варзишии артиш)-иВазорати мудофиаи Тоҷикистон, баргузор шуда буд, бо ҳисоби 0:0 хотима ёфт. Бозии ҷавобӣ рӯзи панҷшанбеи 1 октябр дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода барпо мегардад.

Ҷоми Тоҷикистон. 1/2 финал. Бозии аввал

«ИСТИҚЛОЛ» — «РАВШАН» — 7:0

Голҳо: Хуршед Маҳмудов, 7 (1:0). Дилшод Восиев, 15 (2:0). Фатҳулло Фатҳуллоев, 39 (3:0). Аҳтам Назаров, 45 (4:0). Сиёвуш Асроров, 58 (5:0). Парвизҷон Умарбоев, 63 (6:0). Манучеҳр Ҷалилов, 80 (7:0).

«Истиқлол» (Душанбе): Алишер Тӯйчиев, Сиёвуш Асроров, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Петро Ковалчук, Аҳтам Назаров, Хосе Баллестер, Фатҳулло Фатҳуллоев (Манучеҳр Ҷалилов, 63), Амирҷон Сафаров, Парвизҷон Умарбоев (Умедҷон Шарифов, 73), Хуршед Маҳмудов (Бледа Родригес, 63), Дилшод Восиев (Ромиш Ҷалилов, 73).

«Равшан» (Кӯлоб): Амир Ҳоҷимуродов, Бенҷамин Авуко, Мӯсо Содиқ, Саидхони Амрохон, Сайидамири Сайидаҳмад (Далер Чолов, 83), Бахтиёр Қаландаров, Наврӯз Рустамов, Ҳусейни Сӯҳробӣ (Абдураҳмон Нозимов, 23), Гершон Акуффо, Сунатулло Холов (Музаффар Назаров, 67), Абдурасул Раҳмонов.

Огоҳонида шуданд: Амирҷон Сафаров, Ромиш Ҷалилов («Истиқлол»), Абдурасул Раҳмонов, Сайидамири Сайидаҳмад, Бахтиёр Қаландаров («Равшан»).

Аз майдон хориҷ шуд: Бенҷамин Авуко («Равшан»), 71 – корти 2-юми зард.

Сардовар: Диловар Орзуев (Ҳисор).

22 сентябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 1000 тамошобин.

1/2 финал. Бозиҳои ҷавобӣ

25 сентябр (ҷумъа)

Оғози бозӣ — соати 15:30

«Равшан» — «Истиқлол»

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

Кӯлоб, Варзишгоҳи марказӣ

1 октябр (панҷшанбе)

Оғози бозӣ — соати 15:30

«Регар-ТадАЗ» — ССКА «Помир»

Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).

Турсунзода, варзишгоҳи «Металлург"

XS
SM
MD
LG