Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳримҳои нави Амрико алайҳи Русия


Амрико рӯзи сешанбе 34 шахс ва ниҳоди дигарро, ки ба таври мустақим ва ғайримустақим дар даргириҳои шарқи Украина дахолат доштаанд, ба феҳристи таҳримҳои худ изофа кард.

Вазорати молияи Амрико рӯзи сешанбе 34 шахс ва ниҳоди дигарро, ки ба таври мустақим ва ғайримустақим дар даргириҳои шарқи Украина дахолат доштаанд, таҳрим кард.

Маскав ба ин тасмими Амрико вокуниш нишон дода ва онро идомаи рафтори "ғайридӯстона"-и Вошингтон хондааст. Русия гуфтааст, ки ин иқдоми Амрикоро беҷавоб нахоҳад гузошт.

Таҳримҳои нави Амрико як рӯз пас аз тасмими Иттиҳодияи Аврупо барои тамдиди давраи таҳримҳои Русия сурат гирифтааст. Феҳристе, ки аз сӯи вазорати молияи Амрико мунташир шудааст, шомили чандин ширкат мешавад, ки ҳамагӣ ба тоҷирон ва соҳибкорони наздик ба Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия рабт доранд.

Таҳримҳои қаблӣ аз сӯи Амрико ду сол қабл -- дар моҳи марти соли 2014 вақте Русия нимҷазираи Қримро ба хоки худ ҳамроҳ кард, сурат гирифта буд.

Он тавр, ки вазорати молияи Амрико мегӯяд, таҳримҳо дар сурате коҳиш хоҳанд ёфт, ки ба Русия бандҳои сулҳи Минск амал карда ва назорати бахшҳои ишғолиро ба Украина бозгардонад.

Дар феҳристи таҳримҳои нав, шуморе аз мақомоти расмии ҷумҳуриҳои худхондаи Донетск ва Луганск (Донбасс) шомил шуданд. Вазорати молияи Амрико дар феҳристи худ мақомоти пешин дар ҳукумати Виктор Януковичро низ изофа кардаанд.

Дар феҳристи вазорати молияи Амрико Виталий Захарченко, вазири пешини умури дохилии Украина ҳам шомил шудааст, ки гуфта мешавад иҷозаи тирандозӣ ба эътирозгаронро дода буд.

Аз моҳи апрели соли 2014 то ба ҳол беш аз 9 ҳазор нафар дар даргириҳо миёни нерӯҳои давлатӣ ва ҷудоиталабони ҷонибдори Русия кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG