Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Леонид Жаботинский аз дунё рафт


Леонид Жаботинский
Леонид Жаботинский

Вазнбардори маъруфи замони Шӯравӣ Леонид Жаботинский рӯзи 13 январ дар синни 77 дар шаҳри Запорожйеи Украина вафот кард. Жаботинский дар солҳои 60 ба ситораи варзиши Шӯравӣ табдил ӣфта, дар маҷмӯъ дар вазни мутлақ 19 бор рекорди ҷаҳонӣ гузоштааст. Жаботинский ҳамин тавр дар ду Олимпиада – соли 1964 дар Токио ва соли 1968 дар Мехико – соҳиби медали тило ва унвони қаҳрамони олимпӣ шуд. Ӯ ҳамчунин 4 маротиба дар вазнбардорӣ дар вазни мутлақ қаҳрамони ҷаҳон ва ду маротиба қаҳрамони Аврупо шуд. Жаботинский ҳамин тавр аз соли 1964 то 1969 5 дафъа қаҳрамони Итттиҳоди Шӯравӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG