Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аввалин зан дар курсии раиси Тайван менишинад


Барои нахустин бор раҳбарии Тайванро зан – номзади ҳизби мухолифи демократияи мутараққӣ Тсай Инвэн бар дӯш мегирад. Хонум Инвэн дар интихоботи раҳбари ҷазираи Тайван пирӯз шуд.

Ҳизби ҳокими Гоминдан, ки барои таҳкими равобит бо Ҷумҳурии мардумии Чин талош мекард, рӯзи 16 январ шикасташ дар интихоботро эътироф намуд.

Интихоби хонум Инвэн дар садри маъмурияти Тайван шояд боиси таниш миёни Пекин ва Тайбэй шавад, зеро ӯ ҳамеша барои истиқлоли ҷазира аз Чин талош мекард.

Сокинони Тайван аз сиёсати ҳизби Гоминдан пуштибонӣ накарданд, зеро аз нуфузи иқтисодӣ ва ба думболи он нуфузи сиёсии Чини ҳамсоя ҳарос доранд.

Чин Тайванро як бахш аз қаламрави худ мешуморад.

XS
SM
MD
LG