Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон аз таҳримҳои нави Амрико интиқод кард


Теҳрон аз таҳримҳои нави Амрико интиқод кард. Ин таҳримҳо барои барномаи мушакҳои бодори Эрон ҷорӣ шудааст. 18 январ Теҳрон гуфт, ки ин таҳримҳо “заминаи қонунӣ ва маънавӣ надоранд”, зеро Вашингтон дар Ховари Миёна ба кишварҳои дигар аслиҳа мефурӯшад.

Баъд аз як рӯзи лағви таҳримҳо аз тарафи Иттиҳодияи Аврупо ва Амрико 17 январ Амрико бар зидди ширкатҳои эронӣ ва шахсони алоҳида, ки бо барномаҳои мушакии Эрон иртибот доранд, таҳримҳои нав эълон кард.

Таҳримҳои нав дар ҷавоб ба озмоиши мушакҳои болдори Эрон ҷорӣ шуд. Ин озмоишҳо моҳҳои октябр ва ноябри соли гузашта анҷом гирифт ва коршиносони СММбовар доранд, ки ин озмоишҳо бар хилофи қатъномаи соли 2010 Шӯрои Амнияти СММ анҷом гирифтааст.

16 январ Ожонси Байналмиллалии Энержии Ҳастаӣ эълон кард, ки Эрон таъсисоти ҳастаии худро мутобиқ ба нишондоди мувофиқатномаи ҳастаӣ бо шаш қудрати ҷаҳонӣ нигоҳ доштааст. Аммо Вашингтон мегӯяд, ки масъалаи озмоиши мушакҳои Эрон ба ин мувофиқатнома иртибот надорад ва аз он ҷудо мебошад.

XS
SM
MD
LG