Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушкилоти Бунёди миллии Қазоқистон


Берик Отамуродов
Берик Отамуродов

Ширкати миллии сармоягузории Бонки миллии Қазоқистон ғайричашмдошт роҳбари худро иваз кард. Ба ҷои Берик Отамурод то анҷоми мӯҳлати уҳдадориаш Есжан Биртанов раиси ин ниҳод таъйин шуд.

Бисёриҳо ин истеъфоро бо мусоҳибаи бепардаи Берик Отамуродов бо Wall Street Journal рабт медиҳанд. Зимни ин мусоҳиба Отамурод гуфта буд, захираҳои Бунёди миллӣ, ки аз ҳисоби даромадҳои иловагии нафти Қазоқистон ҷамъ мешаванд, “давоми 6 ва ё 7 сол ба охир хоҳанд расид”.

Дар матлабе, ки дар сомонаи нашрияи амрикоии Wall Street Journal интишор шуд, омадааст “ба иттилои намояндаи Бонки миллии Қазоқистон, бунёди нафтии ин кишвар дар ҳаҷми 64 миллиард доллар метавонад давоми 6 ё 7 сол ба далели коҳиши арзиши нафт афзоиш наёбад ва ҳукумат ин захираҳоро харҷ хоҳад кард”.

“Ҳаҷми захираҳои Бунёди миллӣ дар нисбати августи соли 2014, ки 77 миллиард долларро ташкил медод, 17 фоиз кам шуд. Ҳукумат ҳамасола 9,5 миллиарди бунёдро харҷ мекунад. Сиёсатмадорони Қазоқистон ва Бонки миллӣ бояд сарфакориро пеша кунанд ва даромади бунёдро ба сармоягузории мустақим равона созанд”, - гуфтааст Берик Отамурод ба Wall Street Journal.

Ин суханони Отамурод сару садоҳоеро дар матбуоти Қазоқистон ба бор овард, ки дар натиҷа вай аз мақомаш барканор шуд ва акнун роҳбари собиқи Бунёди миллии сармоягузории Бонки миллӣ намехоҳад ин рӯйдодро шарҳ диҳад.

XS
SM
MD
LG