Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марсел қабл аз бозии Англия-Русия: обҷав, хушунат ва гази ашковар...


Полиси Фаронса аз муноқишаи нав миёни мухлисони футболи Англия ва Русия дар шаҳри Марсел хабар дод. Барои пароканда кардани мухлисони хашин кормандони ҳифзи тартибот аз гази ашковар истифода бурданд.

Ба навиштаи расонаҳо, гурӯҳи фанатҳои рус ба мухлисони англис ҳамла карданд. Англисҳо, ки тақрибан сад нафар буданд, сӯи рақибонашон қуттиҳои холии овҷав (пиво)-ро андохтанд.

Занозанӣ дар тангкӯчаҳои Марсел идома кард ва дар натиҷа чанд нафар аз ду тараф ҷароҳат бардоштанд. Бо расидани полис. мухлисони рус аз ҷойи ҳодиса фирор каоданд.

Шоми 11 июн дар шаҳри Марсел, дар чаҳорчӯби бозиҳои қаҳрамонии футболи Аврупо ё Евро 2016, дастаҳои Русия ва Англия вориди рақобат мешаванд. Бозӣ соати 12-шаб ба вақти Душанбе шурӯъ хоҳад шуд.

Барои тамошои ин бозӣ тақрибан 20 ҳазор мухлис аз Русия ва 80 ҳазор мухлис аз Англия ба Марсел омадаанд ва барои ҷилавгирӣ аз низоъ миёни онҳо тақрибан ҳазор корманди полис сафарбар шудааст.

Патрик Каннер, вазири варзиши Фаронса дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии i-Television изҳор намуд, бо далели таҳаммулнопазирии мухлисони ҳар ду кишвар бозӣ миёни ин дастаҳо яке аз панҷ бозии Евро-2016 аст, ки метавонад берун аз варзишгоҳ хушунатбор шавад.

Ҳамзамон ӯ ваъда дод, ки барои таъмини амният ҳангоми бозӣ аз ҳама чораҳои зарурӣ кор гирифта мешавад.

Раиси полиси маҳаллӣ Лорен Нунез гуфт, ки барои вуруди мухлисони дастаҳои Англия ва Русия ба варзишгоҳи шаҳри Марсел пайроҳаҳои алоҳида ташкил карда шуданд, то аз вуруди дастаҷамъона ҷилавгирӣ шавад. Дар даромадгоҳ ҳар як нафар мӯшикофона тафтиш карда хоҳад шуд.

Аз ин пеш ҳам полиси Фаронса гуфта буд, ки рӯзи 10 июн мухлисони хашини русу англисро аз ҳам ҷудо ва дасти кам ду нафари онҳоро боздошт кардааст. Мақомоти ҳифзи тартибот рӯзи ҷумъа ҳам барои барои пароканда кардани мухлисҳои масти англис маҷбур шуда буданд, ки аз гази ашковар истифода баранд. Мухлисон сӯи полис қуттиҳои холии обҷавро меандохтанд. Намояндаи вазорати умури дохилии Фаронса Пиер-Анри Бранде занозании кӯтоҳ миёни мухлисони ду дастаро тасдиқ кард.

Нахустин бозии Евро-2016. Соҳибони майдони дастаи Руминияро шикаст доданд
Нахустин бозии Евро-2016. Соҳибони майдони дастаи Руминияро шикаст доданд

Бар пояи хабарҳо, барои ҷилавгирӣ аз задухӯрдҳо миёни мухлисон кормандони полиси Русия ва Англия ҳам ба Марсел омадаанд.

Евро-2016 рӯзи 10 июн бо бозии дастаҳои Фаронса ва Руминия дар варзишгоҳи шаҳри Сан-Денӣ оғоз ёфт. Дар ин бозӣ соҳибони майдон бо ҳисоби 2 бар 1 пирӯз шуданд.

Шоми шанбе дар гурӯҳи А дастаҳои Албания бо Швейсария ва дар гурӯҳи B дастаҳои Уэлс бо Словакия ва Русия бо Англия вориди сабқат мешаванд.

Бозиҳо дар гурӯҳи С ва D шоми якшанбе, 12 июн ва дар гурӯҳҳои Е ва F аввалҳои ҳафтаи оянда баргузор хоҳанд шуд

XS
SM
MD
LG