Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду медали самбочиёни ҷавони тоҷик дар Маскав


Варзишгарони ҷавони тоҷик дар мусобиқаи байнулилалии самбо дар шаҳри Маскав ду медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Дар ин мусобиқа, ки аз 16 то 20-уми июн миёни дастаҳои мутахаби кишварҳои узви Созмони Паймони Аҳдномаи Дастаҷамъӣ (СПАД) оид ба самбо, дар шаҳри Маскав баргузор гардид, варзишгарон аз Русия, Арманистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Белорус​ ширкат карданд.

Абдулло Саидхоҷаев, мураббии самбо, ки варзишгарони тоҷикро дар ин мусобиқа роҳбаладӣ мекард, якшанбеи 19-уми июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 5 нафар, бо шумули 4 варзишгар ва як мураббӣ намояндагӣ кардаанд.

Ба гуфтаи ӯ Хайрандеши Муродалӣ дар вазни 65 кг дар ду давр ба варзишгарони Арманистону Русия ғолиб омада, дар даври ниманиҳоӣ аз намояндаи Қирғизистон шикаст хӯрд ва соҳиби медали биринҷӣ гардид

Намояндаи дигари Тоҷикистон Сомон Сангов дар вазни 48 кг ба варзишгари Русия ғолиб омада, аз намояндаи Қирғизистон мағлуб шуд.

Абдулло Саидхоҷаев, мураббии самбо аз қувваозмоии варзишгарони ҷавони тоҷик истиқбол кард ва гуфт, ки "бо вуҷуди кам будани ҳайати варзишгарони тоҷик нисбати мунтахаби дигар кишварҳо, дар ин сабқат онҳо маҳорати хуб нишон доданд ва тавонистанд соҳиби ду ҷои ифтихорӣ гарданд".

Гуфта мешавад, самбо ба қатори 85 намуди варзиш шомил аст, ки онҳоро Шӯрои олимпии Осиё (ШОО) дастгирӣ мекунад. Ин намуд ба барномаи Бозиҳои XVIII осиёӣ, ки соли 2018 дар Индонезия баргузор мешаванд, дохил шудааст.

XS
SM
MD
LG