Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷлили Рӯзи байналмилалии хабарнигорони варзишӣ


Бо ибтикори Ассотсиатсияи байналмилалии матбуоти варзишӣ (АIPS) ҳамасола 2 июл ҳамчун Рӯзи байналмилалии хабарнигорони варзишӣ таҷлил мегардад.

Ассотсиатсияи байналмилалии матбуоти варзишӣ (International Sports Press Association, AIPS) ҳамчун ташкилоти байналмилалии касбии журналистон 2 июли соли 1924 дар Париж таъсис ёфтааст. Маҳз ин рӯз ҳамчун иди касбии хабарнигорони варзишӣ сар аз соли 1995 таҷлил мешавад.

Дар айни ҳол иттиҳодияҳои миллии хабарнигорони варзишии 159 кишвари ҷаҳон, аз он ҷумла Тоҷикистон, аъзои АIPS мебошанд. Дафтари кории АIPS дар шаҳри Лозаннаи Швейтсария ҷойгир аст.

Нарзулло Латифов, раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон (АЖРВТ), ба “Озодӣ” гуфт, “созмони мо, ки соли 2001 таъсис ёфтааст, соли 2011 ба узвияти Ассотсиатсияи байналмилалии матбуоти варзишӣ (АIPS) пазируфта шудааст. Аҳдофи аслии АЖРВТ рушди журналистикаи варзишӣ, тарғиби тарбияи ҷисмонӣ, варзиш ва тарзи ҳаёти солим мебошад. Инчунин АЖРВТ ба баландшавии дараҷаи касбии хабарнигорони варзишии ҷумҳурӣ мусоидат мекунад.”

Ба иттилои Нарзулло Латифов, АЖРВТ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ҳамасола бахшида ба Рӯзи байналмилалии хабарнигорони варзишӣ дар Душанбе ҳамоиши намояндагони васоити ахбори оммаро доир мекунад.

Чунин ҳамоиш субҳи шанбеи 2 июл дар қароргоҳи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон баргузор мешавад. Хабарнигорон, инчунин дар ин рӯз дар чорабиниҳое, ки бахшида ба Рӯзи байналмилалии хабарнигорони варзишӣ дар ноҳияи Варзоб барпо мегардад, ширкат варзида, на танҳо бо сухан, балки дар амал пайвастагии худро ба варзиш ва тарзи ҳаёти солим собит месозанд.

Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар суҳбат бо “Озодӣ” гуфт, ки хабарнигорони варзишӣ барои ташвиқу тарғиби варзиш ва тарзи ҳаёти солим саҳми арзанда мегузоранд. Ӯ афзуд, “мо, масъулини соҳа, аз хабарнигорони варзишӣ барои кори пурмаҳсулашон сипосгузорем. Онҳоро бо иди касбиашон табрик гуфта, барояшон тансиҳатӣ, хушбахтӣ ва комёбиҳои тозаи эҷодӣ таманно дорем ва умедворем, ки ҳамкории мо минбаъд ҳам пурмаҳсул идома хоҳад кард.”

XS
SM
MD
LG