Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркишҳои Бағдод ҳудуди 30 кушта бар ҷо гузошт


Ду таркиш дар шаҳри Бағдод, маркази Ироқ, ҳудуди 30 кушта бар ҷо гузоштанд. Ин ҳодиса субҳи 31 декабр дар як бозори серодам рух дода, ба иттилои хабаргузориҳо, даҳҳо тани дигарро маҷруҳ кардааст. То ҳол ҳеч кас ё гурӯҳ масъулияти ҳамларо дар дӯш нагирифтааст. Дар гузашта масъулияти чунин таркишҳои маргборро асосан гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" бар ӯҳда мегирифт. Аз ҷумла, моҳи ноябр дар ҳамлаи интиҳории ин гурӯҳ дар шаҳри Ҳиллаи Ироқ байни Карбало ва Бағдод даҳҳо зоири эронӣ кушта шуданд. Тайи моҳҳои охир нерӯҳои давлатӣ ва пешмаргаҳои курд барои озод кардани Мавсил, дувумин шаҳри бузурги Ироқ, аз дасти ҷангҷӯёни гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" талош доранд.

XS
SM
MD
LG