Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати нӯҳ пулис дар ҳамлаи Наҷаф


Дар пайи ҳамлаи интиҳорӣ ба як нуқтаи бозрасӣ дар ҷануби шаҳри Наҷафи Ироқнӯҳ маъмури пулис кушта шудаанд. Бино ба гузориши Ройтерс, ҳамлаварон савори ду мошин буданд. Яке аз мошинҳо ҳангоме ки пулис онро барои бозрасӣ нигоҳ дошт, таркидааст. Мошини дигарро аз маҳалли ҳодиса дур бурдаанд, вале ду нафари дохили он бо тири маъмурони пулис кушта шудаанд. Гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” дар баёнияе масъулияти ин ҳамларо бар дӯш гирифтааст. Наҷаф дар 160-километрии шаҳри Бағдод, пойтахти Ироқ, ҷойгир буда, маҳалли шианишин аст. Ин ҳамлаи интиҳорӣ дар ҳоле сурат гирифта, ки нерӯҳои давлатӣ ва пешмаргаҳои курд моҳҳо боз барои раҳо кардани Мавсил, дувумин шаҳри бузурги Ироқ аз дасти ҷангҷӯёни гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” талош доранд. Як рӯз пеш дар ҳамлае ба бозори серодами Бағдод чандин нафар кушта ва захмӣ шуданд.

XS
SM
MD
LG