Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Э.Раҳмон: “Аллакай чанд нафар сабукдӯш карда шуд”


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ҳангоми суханронӣ дар ноҳияи Данғара. 13 майи 2017
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ҳангоми суханронӣ дар ноҳияи Данғара. 13 майи 2017

Барои риоя накардани қонуни масъулияти волидон ва танзими анъана чанд мансабдори тоҷик ва хизматчиёни давлатӣ аз мақомҳояшон барканор шудаанд. Эмомалӣ Раҳмон – раиси ҷумҳури Тоҷикистон – рӯзи 13 май дар суҳбат бо мақомоту фаъолони вилояти Хатлон дар ноҳияи Данғара ин ҳарфҳоро ба забон овард, аммо аз каси мушаххасе ном нагирифт.

Бисёре аз донишҷӯёне, ки ба қавли вазорат, қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоят накардаанд, аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳастанд.

Ӯ фақат гуфт, “аллакай чанд нафар сабукдӯш карда шуд ва таъкид мекунам, ки назорат дар ин самт минбаъд низ ҷиддӣ мешавад”.

Оқои Раҳмон гуфт, ҳарчанд ин қонунҳо, “ба хотири ҳимоят аз манфиатҳои мардум... қабул шудаанд, лекин ҳоло ҳам зиёдаравӣ, исрофкорӣ ва зоҳирпарастиву намоишкорӣ, хусусан, аз ҷониби баъзе мансабдорон, хизматчиёни давлатӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва соҳибкорон ба назар мерасад.”

Аз замони қабули қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ даҳ ва аз замони ба иҷро даромадани қонуни масъулияти волидон шаш сол гузаштааст. Саволи аслӣ инҷост, ки чаро бо гузашти даҳ сол риояи ин қонунҳо аз тарафи мансабдорон ва наздиконашон доғ шуд? Бархе аз коршиносон мегӯянд, ки ҳукумат аз ин тариқ мехоҳад, сахтгирияш дар масъалаи танзиму тарбияи фарзандонро ба намоиш гузорад ва нишон диҳад, ки талаби риояи қонун танҳо ба мардуми оддӣ нест.

Хуршеди Атовулло
Хуршеди Атовулло

Аз тарафи дигар, ба қавли Хуршеди Атовулло, сардабири нашрияи Фараж, “мансабдорон дар лаҳзаҳои аввали қабули ин қонунҳо ҳангоми гузарондани тӯю маъракаҳо ҳамчун намунаи ибрат ёд мешуданд. Аммо бо гузашти замон вақте ин кор ба масъалаи дувуму севумдараҷа табдил ёфт, онҳо боз ба гузарондани ҳамон туйҳои бодабдаба идома доданд." Баъд аз чанд лаҳзаи нашри ин хабар дар вебсайти Радиои Озодӣ низ чанде аз корбарон навиштанд, ки бояд ному насаби мансабдорони барканоршуда ошкор шавад, то ҷиддӣ будани ин талабҳо маълум гардад.​

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар суҳбати рӯзи шанбеаш бо мақомоту фаъолони Хатлон аз вайрон шудани тартиботи ҷамъиятӣ аз тарафи фарзандон ва хешу табори наздики мансабдорони тоҷик низ нигаронӣ кард. Ӯ дар ин бора дар як ҷаласаи ҳукумат дар рӯзи 27-уми апрел низ таъкид карда ва гуфта буд, ки бархеи онҳо бо мошинб адонишгоҳҳо арфта ва қоидаи ҳаракат дар роҳҳоро вайрон мекунанд.

Ба дунболи интиқоди раиси ҷумҳур ҳафтаи гузашта Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар як иқдоми ғайримуқаррарӣ номи беш аз 300 донишҷӯро нашр кард, ки ҳангоми ронандагӣ қоидаҳои роҳро риоят накардаанд ва ё барои чунин қонуншиканӣ танбеҳ гирифтаанд. Дар ин феҳрист ному насаби комили донишҷӯ, ҷойи таҳсилашро навишта ва гуфтаанд, ки ин донишҷӯён дар 4 моҳи гузашта бо автомашинаҳои шахсӣ ба макотиби олӣ омада ва қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон кардаанд.

Бинои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон
Бинои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон

Бисёре аз донишҷӯёне, ки ба қавли вазорат, қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоят накардаанд, аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳастанд. Дар феҳраст бахусус номи донишҷӯёни факултаи ҳуқуқшиносӣ дида мешавад, ки ба эътирофи худи донишҷӯён ҷойи таҳсили фарзандони сарватмандон ва аз ҷумла мансабдорон аст.

Вале бархе аз донишҷӯён гуфтанд, ки дар ин маърака чормағз бештар сари донишҷӯёни миёнҳол шикаста, пайвандони мақомдорон боз ҳам аз об хушк хоҳанд баромад. Онҳо мегӯянд, донишҷӯи миёнҳол асосан барои он бо мошин ба донишгоҳ меравад, ки баъд аз адои дарс мусофиркашонӣ карда, барои рӯзгузаронии худу хонавода пул кор кунад.

XS
SM
MD
LG