Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳуроти сокинони Бишкек зидди садамаҳои нақлиётӣ


Дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон фаъолон бо баргузории силсилаи гирдиҳамоиҳо талаб доранд, ки барои кам кардани шумори садамаҳои нақлиётӣ чораандешӣ шавад. Тавре мудири ҳаракати "Пуштибонӣ аз шӯрои конститутсионӣ" Рита Карасартова мегӯяд, фаъолон ҳамарӯза пушти дари ниҳодҳои марбута ва ё ниҳодҳое, ки метавонанд барои коҳиши садамаҳо иқдом кунанд, ҷамъ мешаванд.

"Ҳамарӯза садама сурат мегирад, одамон мемиранд. "Шаҳри бехатар" кай ба фаъолият шуруъ мекунад ва кай муҳокимаҳои додгоҳӣ шуруъ мешаванд, мо бояд то он рӯз даст болои даст мунтазир шавем? Мо чораҳои фавриро талаб мекунем", - мегӯяд. Давоми се соли охир дар Қирғизистон 20 053 садамаи нақлиётӣ сабт шудааст, ки дар ин садамаҳо 3020 одам кушта, 29 804 тани дигар захм бардоштаанд. Ба ҳисоби миёна, ҳамарӯза дар Қирғизистон бештар аз 18 садама сабт ва 3 одам кушта мешавад.

XS
SM
MD
LG