Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Маскав талаби Алишер Усмоновро қонеъ кард


Алексей Навалний бо Генрих Падва, вакили Алишер Усмонов
Алексей Навалний бо Генрих Падва, вакили Алишер Усмонов

Додгоҳи Люблинои шаҳри Маскав рӯзи чаҳоршанбе талаби миллиардери узбактабори Русия Алишер Усмонов алайҳи сиёсатмадори мухолифи ҳукумат Алексей Навалнийро ба фоидаи даъвогар ҳал кард. Додгоҳ аз Навалний талаб кард, филми "Он вам не Димон"-ро, ки дар он Алишер Усмонов ба ришвадиҳӣ муттаҳам мешавад, аз Интернет ҳазф кунад.

Навалний баъд аз анҷоми мурофиа қавл дод, ки ин филми таҳқиқотиро лағв намекунад.

Рӯзи 31 май дар ҷараёни баҳси додгоҳӣ додгустар ду дафъа дархости вакилони Бунёди зидди фасод барои бозгашт ба марҳилаи таҳқиқи ҳуҷҷатҳоро рад кард. Ҳамзамон Генрих Падва, вакили Алишер Усмонов ба Навалний таъна зад, ки барои исботи даст доштани зерҳимояаш дар ришвадиҳӣ мадраки кофӣ пешниҳод накард.

Мурофиаи додгоҳӣ рӯзи гузашта оғоз шуд. Додгустар ҳамаи дархостҳои ҷониби Навалний, бо шумули мадраки сабти номи хонаеро, ки Усмонов ба бунёди ҳамсабақи нахуствазири Русия Дмитрий Медведев тақдим кардааст, рад намуд. Баъд аз ин Навалний додгоҳро дар нақзи рақобатпазирии усули додгоҳӣ муттаҳам кард.

Алишер Усмонов баъди нашри филми Бунёди мубориза бо фасод дар бораи дороиҳои сарвазир Дмитрий Медведев ба додгоҳ шикоят бурд. Дар филм гуфта мешавад, Усмонов ба ҳамсабақи сарвазири Русия хонаеро дар "Рублёвское шоссе" ҳамчун пора тақдим кардааст, ки 5 миллиард рубл арзиш дорад.

XS
SM
MD
LG