Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

MegaFon-и Алишер Усмонов бо Uzmobile шартнома баст


Султони сарват Алишер Усмонов
Султони сарват Алишер Усмонов

Ширкати мобилии MegaFon, ки аз сӯи соҳибкори узбактабори Русия Алишер Усмонов идора мешавад, бо Ширкати миллии мобилии Uzmobile-и Узбакистон шартномаи ҳамкорӣ баст. Бар асоси ин санад MegaFon паёмаки савтӣ, СМС ва интернет-роуминги Uzmobile-ро таъмин мекунад.

"Ин ба муштариҳои ҳар ду ширкат имкон медиҳад, ки сарфакорӣ кунанд. Хизматрасонӣ - дастрасӣ ба муколамаи арзон - на танҳо дар Узбакистон, балки берун аз он ҳам амалӣ мешавад", - хабар медиҳад ширкати Узбакистон.

Uzmobile 15 апрели соли 2015 дар шаҳри Тошканд ва минтақаи наздик ба пойтахт шабакаи GSM роҳандозӣ кард.

Ин ширкат дар як муддати кутоҳ ба муштариҳои шаҳр ва вилояти Тошканд тарофаҳои гуногун ва бастаҳои муфиди хизматрасонии интернетӣ пешниҳод кард. Охири соли 2015 Uzmobile GSM тавонист, ҳамаи марказҳои вилоятҳоро фаро бигирад. Бо ин вуҷуд ширкат тасмим дорад, то охири соли оянда интернети 4G-ро дар саросари Ӯзбекистон роҳандозӣ кунад.

XS
SM
MD
LG