Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакилони тоҷик аз ҳукумат хостанд, ғами маъюбонро бихӯрад


Тошбӣ Ҷавракова се фарзанди маъюбро нигоҳубин мекунад.
Тошбӣ Ҷавракова се фарзанди маъюбро нигоҳубин мекунад.

Вакилони мардумӣ ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия додаанд, то охири имсол кишварро ба як санади муҳими байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқи маъюбон як қишри осебпазири ҷомеа шомил кунад.

Дар Маҷлиси намояндагон рӯзи 14-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки вакилони мардумӣ охири моҳи гузашта зимни баррасии вазъи зиндагии маъюбон ва ҳуқуқи онҳо дар кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ гуфтанд, вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ бояд санадҳои узвият дар Аҳдномаи байналмилии “Оид ба ҳуқуқи маъбон”- ро ҳарчӣ зудтар омода кунад ва ба ҳукумат супорад.

Ҳукумати Тоҷикистон аҳд додааст, ки то охири соли 2017 ба аҳднома шомил мешавад, ки ҳадафи он риояти ҳуқуқи маъюбон ва ғамхорӣ дар ҳаққи онҳо мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ аст. Вакилони Маҷлиси намояндагон ҳамчунин аз ҳукумат хостаанд, ки тазмин бидиҳад, то маъюбон ба кӯмаки ройгони тиббӣ, дуруст ва босифат таъмин бошанд.

Дигар тавсия ба вазорати маорифи Тоҷикистон аст, ки барои омода кардани тарҷумонҳо барои афроди ношунаво чораҳои иловагӣ биандешад, то ин гурӯҳ тавонанд, аз филму барномаҳои телевизионӣ баҳра баранд.

Дар Тоҷикистон беш аз 31 ҳазор маъюб сабти ном шудаанд ва аксарияти онҳо мӯҳтоҷ ба ҳисоб мераванд. Чанде пеш яке аз онҳо, ки бо аробаи маъюбӣ ҳаракат мекунад, бо нашри видеое дар Фейсбук нишон дод, ки роҳи дуруст барои ҳаракати онҳо вуҷуд надорад ва аз мақомот хост, барои ҳаракати муносиби аробаҳои маъюбон шароити мусоид фароҳам биёранд.

XS
SM
MD
LG