Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дугонаи президенти пешини Кореяи Ҷанубӣ 20 сол ҳукми зиндон гирифт


Чхве Сун Сил - дугонаи президенти пешини Кореяи Ҷанубӣ Пак Кин Хе
Чхве Сун Сил - дугонаи президенти пешини Кореяи Ҷанубӣ Пак Кин Хе

Додгоҳи Сеул Чхве Сун Сил, дугонаи президенти пешини Кореяи Ҷанубиро дар заминаи фасодкорӣ муҷрим донист ва ӯро ба 20 соли зиндон маҳкум кард. Ба ғайр аз ин, Чхве Сун Сил бояд $16.1 миллион ҷарима супорад.

Чхве Сун Сил чанд сол мушовири раиси ҷумҳури пешини Кореяи Ҷанубӣ Пак Кин Хе буд. Ду сол пеш ҳардуи онҳо дар маркази ҷанҷоли сиёсӣ қарор гирифтанд. Ба гуфтаи тафтишот Чхве Сун Сил, бо истифода аз нуфӯзи худ, ширкатҳои бузургро ба хайрияи молӣ ба фондҳои таҳти назараш маҷбур мекард.

Раиси ҷумҳури пешин Пак Кин Хе миёнаҳои моҳи марти соли 2017 тавассути импичмент аз қудрат дур карда шуд. Ӯ бо иттиҳоми фасодкорӣ, суистифода аз мақом ва ифшои асрори давлатӣ боздошт шуд.

Аввали моҳи январи соли 2018 хабаргузории Associated Press гуфт, ки Пак Кин Хе ба даёфти ғайриқонунии $3 миллион аз се раҳбари пешини хадамоти махсуси кишвар гумонбар шудааст. Гуфта мешавад, ки президенти собиқ ин маблағро барои ниёзҳои хусусияш, бо шумули пуштибонӣ аз бизнеси дугонааш ва мукофотҳои ғайриқонунии пулӣ ба ёваронаш сарф кард.

XS
SM
MD
LG