Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳавопаймои Ан-148 эҳтимол ба иллати ях бастан суқут кард"


Дастгоҳи сабти ҳавопаймои АН-148, ки бо 71 нафар дар канораҳои Маскав суқут кард
Дастгоҳи сабти ҳавопаймои АН-148, ки бо 71 нафар дар канораҳои Маскав суқут кард

Хадамоти матбуоти Кумитаи байнидавлатии авиатсионӣ рӯзи 13-уми январ баъд аз омӯзиши дастгоҳҳои худнависи ҳавопаймои Ан-148 гуфт, ҳавопаймо эҳтимол бинобар суръати нодуруст ва ях бастани дастгоҳҳои санҷишӣ суқут кард.

Ҳавопаймои Ан-148-и ширкати ҳавопаймоии Саратов рӯзи 11-уми феврал, дар ҳоле ки аз фурудгоҳи Домодедовои Маскав ба Орски вилояти Оренбург ҳаракат мекард, баъди чанд дақиқаи парвоз аз оинаи радарҳо нопадид шуд.

Пораҳои ҳавопаймо дар ҳудуди деҳаи Степановское, ноҳияи Раменскии вилояти Маскав, дар майдони 30 гектар ошкор шуд. Ҳавопаймо бо шумули шаш сарнишин 71 мусофир дошт. Ҳамаи онҳо дар ин садама ҷон бохтанд.

XS
SM
MD
LG