Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Осоишгоҳи “Хоҷа Обигарм”-ро ба фурӯш гузоштанд


Хоҷа Обигарм яке аз осоишгоҳҳои бузурги Тоҷикистон аст
Хоҷа Обигарм яке аз осоишгоҳҳои бузурги Тоҷикистон аст

Мақомоти Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон гуфтанд, ки имсол хусусӣ кардани осоишгоҳи маъруфи “Хоҷа Обигарм” дар ноҳияи Варзоб дар назар гирифта шудааст. Ин осоишгоҳ феълан дар ихтиёри давлат аст.

Дар солҳои гузашта мақомот истироҳатгоҳҳои машҳури “Шоҳамбарӣ” ва “Зумрад”-ро хусусӣ карда буданд.

Сафомиддин Асомуддинзода, сардори раёсати хусусигардонии моликияти давлатӣ дар Кумитаи сармоягузорӣ, рӯзи 13-уми феврал гуфт, корхонаи дӯзандагии “Гулистон” низ ба фурӯш гузошта шудааст. Ин корхона моликияти Зайд Саидов, соҳибкори зиндонӣ ва вазири собиқи саноати Тоҷикистон буд ва баъдан мусодира ва ба ихтиёри давлат гузашт.

Аммо Асомуддинзода гуфт, дар ҷараёни ду музояда дар ду соли ахир ҳеч тоҷире барои харидани ин корхона таваҷҷӯҳ накардааст.

Дар як соли гузашта аз ҳисоби хусусигардонӣ ва истифодаи моликияти давлатӣ ҳудуди 28 миллион сомонӣ ба буҷаи давлат ворид шудааст. Мақомот мегӯянд, ҳоло беш аз 100 корхонаи хурду бузургу давлатӣ боқӣ мондааст, саҳмияҳояшон пурра дар ихтиёри давлат аст.

XS
SM
MD
LG