Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нерӯҳои содиқ ба Асад ба минтақаи Африн ворид шуданд


Шаҳри Салваҳ, воқеъ дар 10 километрии марзи Сурия бо Туркия
Шаҳри Салваҳ, воқеъ дар 10 километрии марзи Сурия бо Туркия

Шабакаи телевизиони давлатии Сурия гузоришеро аз вуруди нерӯҳои ҳукуматӣ ба Африн пахш кард. Минтақаи Африн дар шарқи Сурия ҷойгир аст ва аз тарафи дастаҳои Курд идора мешавад. Дар гузориши телевизиони давлатии Сурия гуфта мешавад, ки амалиёти нерӯҳои содиқ ба Башор Асад бар зидди артиши Туркия аст, ки бо Курдҳо ҷанг мекунад.

Хабаргузории Reuters рӯзи 20 феврал гуфт, ки қисмҳои низомии артиши Сурия парчамҳоии кишварашонро баланд бардошта силоҳҳои худро алвонҷ медиҳанд. Ин наворҳоро дар назди постгоҳе бардоштанд, ки дар он "нерӯҳои амниятии Курд" навишта шудааст.

Хабаргузории ҳукуматии SANA нерӯҳои Туркияро ба тирборон кардани постгоҳи амниятии Курдҳо муттаҳам кард, ки дастаҳои содиқ ба президент Асад тавассути он ба Африн ворид шуданд.

XS
SM
MD
LG