Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯмаки ИМА дар бунёди Маркази нави таълимӣ барои низомиёни тоҷик


Нирӯҳои мобилии Вазорати дифои Тоҷикистон соҳиби Маркази нави таълимии ҳарбӣ дар Фахробод шуданд. Маркази муҷаҳҳази нав бо арзиши 1,3 миллион доллари ИМА ва бо кӯмаки сафорати ИМА бунёд шудааст. Дар хабари расмии сафорати ИМА дар Тоҷикистон гуфта мешавад, ки маҷмааи муосир аз се бино иборат аст, ки дар он синфхонаҳо, ошхона, хобгоҳ ва ҳуҷраҳое, ки ҳолати гигиениро барои 200 афсар таъмин менамоянд, ҷойгиранд.

Дар расми кушоиши ин марказ рӯзи 22 феврал кордори Сафорати ИМА дар Тоҷикистон Кевин Коверт, котиби Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ генерал-полковник Абдураҳим Қаҳҳоров, мушовири президент генерал-полковник Шералӣ Хайруллоев ва вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо иштирок карданд.

Дар иттилоияи расмии сафорат бо истинод ба Стратегияи амнияти миллии ИМА гуфта мешавад, ки дар он нақши “кишварҳои Осиёи Марказӣ дар таъмини сулҳу суботи дарозмуддат дар Афғонистон тавассути дастгирии сиёсӣ, муносибатҳои иқтисодӣ ва мубориза алайҳи терроризм муҳим арзёбӣ мешавад. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар роҳи дастгирии истиқлолият, амният ва субот дар минтақа содиқ мемонад”.

Иёлоти Муттаҳида дар тӯли 26 соли ҳамкорӣ бо Тоҷикистон барои кӯмак ва татбиқи барномаҳои дастгирии бахши хусусӣ, кишоварзӣ, тандурустӣ, маориф, ниҳодҳои демократӣ ва амният дар Тоҷикистон 1,8 млрд. доллари ИМА-ро ҷудо намудааст.

XS
SM
MD
LG