Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаш тоҷик дар Русия бо ҷурми терроризм аз 12 то 18 сол зиндонӣ шуд


Гурӯҳи таъиноти махсуси Русия
Гурӯҳи таъиноти махсуси Русия

Додгоҳи Маскав шаш шаҳрванди Тоҷикистонро бо ҷурми талоши бомбагузорӣ дар мусофирбари хурд ё "маршрутка", ба муддати тӯлонӣ зиндонӣ кард.

Додгоҳи низомии Маскав рӯзи 22-юми феврал ба ин гурӯҳ аз 12 то 18 соли зиндонро раво дид. Онҳо ба талоши ташкили террор, узвият дар гурӯҳи террористӣ ва нигаҳдории маводи тарканда муттаҳам буданд.

Чаҳор нафари ин гурӯҳ ба гуноҳи худ иқрор шуд ва ду нафари дигар гуфтанд, ки гуноҳ надоранд.

Ба иддаои муфаттишон, соли 2016 айбдоршавандаҳо мехостанд ба як мусофирбар дар минтақаи Либертсии канораҳои Маскав бомба гузоранд.

Тафтишгарон ҳамчунин иддао карданд, ки айбдоршавандаҳо ҳаводори гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" буданд ва мехостанд, баъди ҳамлаи автобус ба ин гурӯҳ ҳамроҳ шаванд.

Мақомот мегӯянд, ҳазорҳо зану мард дар солҳои ахир аз Русия ва кишварҳои Шӯравии собиқ барои ҳамоиш бо гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ба Сурияву Ироқ рафтанд.

Аммо гурӯҳҳои ҳуқуқи башари Русия мегӯянд, ки муҳоҷирони кории Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ дар муқобили муносибати ноодилонаи мақомоти Русия ва дастёбӣ ба ҳимояи қонунӣ, аз камтарин ҳуқуқ бархӯрдор ҳастанд.

XS
SM
MD
LG