Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парчамсози ДИИШ гуфт, мехост бародарзодаи Нуриро "подстава" кунад. ВИДЕО


Қурбоналӣ Партоев. Акс аз навори телевизиони Тоҷикистон
Қурбоналӣ Партоев. Акс аз навори телевизиони Тоҷикистон

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон нафареро боздошт кард, ки дар омода кардани парчамҳои гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" дар деҳаи Тоҷикободи ноҳияи Вахш даст дорад. Мақомот гуфтанд, ин нафар панҷ парчами сиёҳро омода карда, дар зери боми ширкати марбут ба бародарзодаи Саид Абдуллоҳи Нурӣ, бунёдгузори ҳизби наҳзати исломӣ, гузоштааст.

Дар сарам омад, ки Нусратулло Саидовро “подстава” кунем ва мақомот омада ӯро биқапанд. Матоъву рангро аз бозор гирифта, парчамро сохтам.

Телевизиони Тоҷикистон шоми 28-уми феврал навори Кумитаи давлатии амнияти миллиро пахш кард, ки дар он ин мард Қурбоналӣ Партоеви 31-сола муаррифӣ шуд. Мақомот гуфтанд, Партоев ҳеч рабт ба ДИИШ надорад ва парчамҳо ба хотири бадном ва таҳти боздошт қарор гирифтани Нусратулло Саидов, бародарзодаи Саид Абдуллоҳи Нурӣ зери боми ширкаташ гузошта шудааст.

"Дар сарам омад, ки Нусратулло Саидовро "подстава" кунем ва мақомот омада ӯро биқапанд. Матоъву рангро аз бозор гирифта, парчамро сохтам. Аввал се донаашро дар бом гузоштам. Баъдан ду донаи дигарро бо истифода аз суратҳои интернет сохта, дар онҷо гузоштам", - нақл кард Қурбоналӣ Партоев дар навори Кумитаи амнияти миллӣ.

Нусратулло Саидов
Нусратулло Саидов

Бо инки ин мард дар барнома гуфт, ба бародарзодаи Саид Абдуллоҳи Нурӣ хусумат дошт, вале ошкор накард, ин хусумат аз чӣ иборат буд. Мақомот низ гуфтанд, асли қазияро тафтишот муайян хоҳад кард. Ҳоло дар робита ба ин қазия бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноӣ (32, қисми 1 ва 307, қисми 1) парванда боз шуда, тафтиш идома дорад.

Парчамсози ДИИШ гуфт, мехост бародарзодаи Нуриро "подстава" кунад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:16 0:00

Мақомот дар гузориши телевизионӣ хитоб ба сокинон гуфтанд, ки набояд ниҳодҳои интизомиро барои ситондани интиқом аз якдигар истифода кунанд. "Қурбоналӣ Партоев натанҳо метавонист устоду хеши худро муддати тӯлонӣ аз озодӣ маҳрум кунад, балки даричаи иғвову овозаҳоро оид ба пайдо шудани пайи террористони ДИИШ-ӣ низ боз намояд", - таъкид шуд дар гузориш.

Мақомоти интизомӣ дар ҷамоати “Тоҷикобод” (Туркманистони қаблӣ)-и ноҳияи Вахш рӯзи 15-уми феврали имсол панҷ парчами гурӯҳи "Давлати исломӣ"-ро пайдо карданд. Рӯзи 19-уми феврал мақомот дар бораи боздошт ва бозпурсӣ шудани 10 нафар хабар доданд. Аз ҷумла, гуфта шуда буд, ки Нусратулло Саидов бозпурсӣ шудааст. Баъдан худи ӯ дар як навори видеоӣ эълон кард, ки барои суҳбат ба назди мақомот даъват шуд, вале дар озодӣ аст.

Барафрошта шудани парчамҳои ДИИШ дар Тоҷикистон ҳодисаи нав нест. Мақомоти Тоҷикистон дар се соли ахир аз боздошти чанд гурӯҳи ҷавонҳо бо айни ҳамин иттиҳом хабар доданд. Дар ду ҳодисаи ҷудогона дар моҳи августи соли 2015 дар шаҳри Норак ва ноҳияи Шаҳритус гурӯҳи 14 ва 8-нафараи ҷавонҳо боздошт шуда, барои тарафдорӣ аз ақидаҳои гурӯҳи “Давлати исломӣ” ва барафроштани парчами ин гурӯҳ дар маркази ин манотиқ, муттаҳам шуданд.

Ҷамоати "Тоҷикобод"-и ноҳияи Вахш.
Ҷамоати "Тоҷикобод"-и ноҳияи Вахш.

Мақомоти амниятӣ дар Кӯлоб ҳам як ҷавонро ба иттиҳоми барафрохтани парчами сиёҳи гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар дарвозаи ин шаҳр боздошт карда буданд. Як ҷавон низ дар Душанбе барои насби байрақи сиёҳи ДИИШ бар болои пули маҳаллаи 103 боздошт ва равонаи зиндон шуд.

Мақомоти Тоҷикистон, ки мегӯянд, на камтар аз 1500 шаҳрванди ин кишвар ба сафи гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" пайвастааст, ҳамаҷониба зидди ақидаҳои ифротӣ мубориза мебаранд ва камтарин нишонаҳои тарафдорӣ аз ин ақидаҳоро бо роҳи боздошту ҳабс пешгирӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG