Пайвандҳои дастрасӣ

"Вайронаҳои Мадоин". Идомаи буҳрон дар Ғутаи Шарқӣ. АКС


Телевизиони давлатии Сурия тасвирҳоеро аз дохили Мисрабо, шаҳрақи воқеъ дар Ғутаи Шарқӣ пахш кард. Ин тасвирҳо, ки ба дасти хабаргузории "Ройтерс" ҳам расидааст, тонки нирӯҳои Сурияро дар назди биноҳои фурӯрехта ва вайрона нишон медиҳад.

  • Мисрабо дар тӯли роҳе ҷойгир аст, ки бахши шимолӣ ва ҷанубии Ғутаи Шарқиро ба ҳам мепайвандад.
Ҷанги дохилии Сурия, ки бар асари он садҳо ҳазор нафар кушта ва беш аз ними аҳолии ин кишвар овора шуданд, яке аз густурдатарин бӯҳронҳои минтақавӣ ва байнамилалӣ ба ҳисоб меравад

Созмони назорат бар ҳуқуқи башари Сурия, қароргоҳаш дар Лондон, рӯзи 10-уми март гуфт, бо тасарруфи шаҳраки Мисрабо ва заминҳои атрофи он роҳҳои калидии минтақа дар тирраси нирӯҳои далатии Сурия аст. Аммо, бино ба гузоришҳо, сухангӯи гурӯҳи "Ҷайш-ул-ислом", ки дар Ғутаи Шарқӣ алайҳи артиши Сурия меҷангад, ин иддаоро рад кардааст.

Шӯришиёни зидди ҳукумати Сурия соли 2016 аз шаҳри Ҳалаб берун карда шуданд. Ва ҳоло тасарруфи Мисрабо зарбаи сахти режими Сурия ба мухолифони мусаллаҳаш гуфта мешавад.

Дар ин миён буҳрони башарӣ дар Ғутаи Шарқӣ, ки онро қаблан дабири кулли Созмони Милал "дӯзахи рӯи дунё" тасвир карда буд, идома дорад. Созмони Милали Муттаҳид тахмин мезанад, ки тақрибан 200 ҳазор нафар дар ин минтақа банд мондаанд. Гуруҳҳои ёрирасон гуфтаанд, ки дар натиҷаи ҷангҳои пайиҳам натавонистанд, маводи ғизоӣ ва доруи кофиро ба бошандагони маҳал бирасонанд.

Ниҳодҳои хайрия дар Ғутаи Шарқӣ дар ҳафтаҳои ахир дар мавриди истифода аз гази каларин тавассути ҳукумати Сурия низ гузориш доданд. Аммо муовини вазири умури хориҷии Сурия рӯзи 10-уми март ин иттиҳомро рад кард.

Ғутаи Шарқӣ минтақаи сераҳолӣ дар наздикии шаҳри Димишқ - пойтахти Сурия аст. Ин минтақа, ки аз чанд сол ба ин тараф дар ихтиёри мухолифони ҳукумати Сурия қарор дорад, аз соли 2013 ба ин сӯ зери муҳосираи нерӯҳои давлатист ва бо камбуди ғизо, дору ва имкониятҳои тиббӣ рӯ ба рӯ аст.

Нирӯҳои ҳукумати Сурия ва муттаҳидони он талош доранд, ки минтақаҳои аслии зери контроли мухолифонро ба тасарруфи худ дароранд. Ҳукумати Сурия мухолифони худро ба таври умумӣ "гурӯҳҳои террористӣ" ном мебарад.

Ҷанги дохилии Сурия, ки бар асари он садҳо ҳазор нафар кушта ва беш аз ними аҳолии ин кишвар овора шуданд, яке аз густурдатарин бӯҳронҳои минтақавӣ ва байнамилалӣ ба ҳисоб меравад ва инак ҳафт сол боз идома дорад.

Ғутаи Шарқӣ - "дӯзахе дар замин". Аксҳои бештар дар инҷост:

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG