Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Березовский" барои душанбегиҳо бургер мепазад. ВИДЕО


Дар маркази Душанбе тарабхонаи наве бо исми баҳсбарангези "Березовский" чашидани бургерҳои сангинро барои муштариҳо пешниҳод мекунад. Соҳибони ин бургерхона мегӯянд, интихоби исми сиёсатмадори замоне бонуфузи рус, ки соли 2013 дар Лондон даргузашт, "тасодуфӣ" аст ва ба шахсияти ӯ рабте надорад.

Маряна Аҳадова, кордори ин бургерхона мегӯяд, исми тарабхона як калимабозие беш нест ва бештар ишора ба рамзи дарахти березаи русӣ аст. Аҳадова гуфт, дар миёни муштариҳои онҳо бештар ҷавонон ва хориҷиҳоро дидан мумкин аст.

Дар посух ба ин савол, ки оё интихоби номи ин бургерхона ба исми сиёсатшиноси машҳуру фақиди Русия марбут аст ё не, Маряна Аҳадова гуфт, ки муассиси ин бургерхона ошиқи дарахти русии берёза аст ва ба ин хотир ҳатто деворҳои ин муассиса бо нақшҳои ин дарахт ва пораҳои буридаи он оро дода шудааст.

Бургери "Березовский" ба душанбегиҳо.
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:00:47 0:00

Ҳоло дар бургерхонаи “Березовский”-и шаҳри Душанбе арзиши як дона бургери ба номи Березовский ҳудуди 43 сомонӣ ё тақрибан 5,5 доллари амрикоӣ мебошад, ки дар муқоиса бо нархҳои дигар ғизоҳо дар Тоҷикистон нисбатан гарон маҳсуб мешавад.

Маряна Аҳадова, ки худ ҷияни коргардони машҳур Валерий Аҳадов мебошад, дар посух ба ин савол, ки оё Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон дар интихоби номи ин бургерхона мухолифат накардаанд, гуфт, ки “то ҳол аз ин ниҳод ба онҳо ҳеҷ дастуре нашудааст, аммо агар вокунише шуд, пас дар пайи ҳалли он мешаванд”.

Хонум Аҳадова афзуд, ки соҳиби ин бургерхона як ҷавони тоҷик аст ва ошиқи дарахти мавсум ба берёза будааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG