Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Герасимов гуфт, Русия ҳамлаи Амрико ба Димишқро бе ҷавоб намегузорад


Раҳбари ситоди кулли нерӯҳои Русия генерал Валерий Герасимов
Раҳбари ситоди кулли нерӯҳои Русия генерал Валерий Герасимов

Вазорати дифои Русия гуфт, ки дар посух ба ҳамлаи эҳтимолии Амрико ба Димишқ аз чораҳои ҷавобӣ кор мегирад. Дар ин бора сардори ситоди кулли нерӯҳои Русия генерал Валерий Герасимов рӯзи 13-уми март изҳорот дод.

Ӯ гуфт, ки дар муассисаҳо ва пойгоҳҳои Вазорати дифои Сурия мушовирони Русия, намояндагони Маркази оштидиҳии ду тарафи низоъ кор мекунанд.

"Дар сурати таҳдид ба ҷони низомиёни мо, нерӯҳои низомии Федератсияи Русия чораҳои ҷавобиро, ҳам бар зидди мушакҳо ва ҳам мушакбарҳо, ки истифода мешаванд, ба кор мебарад", - гуфт Герасимов.

Қаблан Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳушдор дод, ки агар Русия, Эрон ва Сурия оташбаси 30-рӯзаро сарфи назар кунанд, Амрико барои хотима додан ба ҳамлаҳои кимиёвӣ ва "азиятҳои ғайриинсонӣ" дар Сурия даст ба амал мезанад.

Сафири ИМА дар Созмони Милали Муттҳаид, Никки Ҳейлӣ рӯзи 12 март дар Шӯрои амнияти СММ гуфт, оташбасе, ки онро СММ ду ҳафта пеш тасвиб кард, ноком шуд. Ӯ гуфт ИМА оташбаси нави 30- рӯза пешниҳод мекунад, ки наметавонад мавриди суиистифода қарор бигирад ва ҳазорҳо нафарро дар Ғутаи Шарқӣ ба гуруснагӣ ва марг рӯ ба рӯ кунад.

XS
SM
MD
LG