Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лавров: Маскав ба зарубулаҷали Лондон посух намедиҳад


Сергей Лавров

Вазири умури хорҷии Русия заҳролудшавии корманди пешини Идораи кулли истихбороти Русия Сергей Скрипал аз тарафи Маскавро рад кард. Лавров гуфт, Русия ба дархости Британия, дар заминаи заҳролудшавии Сергей Скрипал, то замони дастрасии Маскав ба маводи парванда посух намедиҳад. Дар ин бора хабаргузории РИА Новости рӯзи 13-уми март аз қавли Лавров гузориш дод.

Вазир гуфт, Русия аз мақомоти Британия дархост кард, дастрасии Маскавро ба заҳри фалаҷкунандаи асаб таъмин намояд, ки Сергей Скрипал ва духтари ӯро бо истифода аз ин мавод заҳролуд карданд, зеро Юлия духтари Скрипал, шаҳрванди Русия аст.

"Лондон ба ҷойи зарбулаҷал ба Русия бояд тааҳуди худро дар баробари Эъломияи истифода аз силоҳи кимиёвӣ иҷро кунад",- гуфт Сергей Лавров.

Рӯзи гузашта нахуствазири Британия Тереза Мэй ҳангоми суханронӣ дар порлумон гуфт, бино ба хулосаи муфаттишон Скрипал ва духтари ӯ бо маводи фалаҷкунандаи асаб - "Новичок" заҳролуд шуданд, ки он дар Иттиҳоди Шӯравӣ коркард мешуд. Тереза Мэй ба Русия 24 соат вақт дод, то шарҳ диҳад, ки чӣ тавр ин мавод дар Британия пайдо шуд.

Мэй дар дар ин замина ду фарзия пешниҳод кард: ё Русия алайҳи Британия маводи кимиёвии ҳарбӣ истифода кард, ё Маскав натавонист коркардҳои низомияшро ба таври зарурӣ ҳифз кунад ва он ба дасти сеюм расид.

Видеоҳои охирин

Салоҳ ба майдон мебарояд, Русияро чӣ интизор аст?
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:07:02 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG