Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп Тиллерсонро аз мақоми вазири умури хориҷӣ барканор кард


Рекс Тиллерсон
Рекс Тиллерсон

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Рекс Тиллерсон - Котиби давлтаии ИМА-ро аз мақом барканор кард. Тиллерсонро дар ин вазифа Майк Помпео - раҳбари Идораи истихбороти Амрико иваз мекунад. Дар ин бора нашрияи The Washington Post рӯзи 13-уми март хабар дод.

Як мақоми баландпояи маъмурияти Кохи Сафед ба шабакаи телевизионии CNN гуфт, Трамп рӯзи ҷумъа аз Тиллерсон хоста буд, ки аз мақоми Котиби давлатӣ канор равад.

"Майк Помпео, раҳбари ЦРУ, котиби давлатии нав мешавад, ӯ корҳои фантастикиро анҷом медиҳад! Ташаккур ба Рекс Тиллерсон барои хидматаш! Ҷина Ҳаспел раҳбарии Идораи истихборотро бар дӯш мегирад. Ба ҳама муборак бошад!",- навиштааст Трамп дар Твиттер.

Ҷина Ҳаспел дар Идораи истихбороти ИМА муовини Майк Помпео буд. Ӯ нахустин занест, ки дар ин мақоми калидӣ раҳбар мешавад.

Ҳафтаи гузашта Тиллерсон сафари кишварҳои африқоиро қатъ кард ва ба гуфтаи худаш бо далели корҳои "нотамом" ба Вашингтон баргашт.

Истеъфои Тиллерсон баъди овозаҳои чандмоҳа, ки мегуфтанд, собиқ раҳбари ширкати нафтии ExxonMobil Рекс Тиллерсон аз мақоми Котиби давлатии ИМА канор меравад, расмӣ шуд.

XS
SM
MD
LG