Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

30 рӯз бе сабтином – "Мушкили муҳоҷирон дар Қазоқистон осон шуд"


Эмомалӣ Раҳмон ва Нурсултон Назарбоев. Шаҳри Остона, 14-уми марти 2018. Акс аз вебсайти президенти Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон ва Нурсултон Назарбоев. Шаҳри Остона, 14-уми марти 2018. Акс аз вебсайти президенти Тоҷикистон

Тоҷикистону Қазоқистон созишномаеро имзо карданд, ки ба шаҳрвандони ду кишвар ҳақ медиҳад, дар қаламрави якдигар бидуни сабтином (регистратсия) 30 рӯз ва бо сабтином се моҳ ҳузур дошта бошанд. Дар гузашта муҳоҷирони тоҷик ҳақ доштанд, ки бо сабтиноми худ дар ягон хона ё меҳмонхонаву идора як моҳ дар ҳудуди Қазоқистон бимонанд.

  • Созиши нав рӯзи 14-уми март, дар ҷараёни сафари раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Остона, ҳосил шуд.
Бо таваҷҷуҳ ба афзоиши ҷангҷӯёни ДИИШ дар шимоли Афғонистон пешниҳод шудааст, ки иқтидори нерӯҳои сарҳадии Тоҷикистон... пурқувват карда шавад

Муҳоҷирони тоҷик ва марзи Қазоқистону Қирғизистон​

Каримҷон Ёров, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон, ки ҳоло дар Қазоқистон зиндагӣ дорад, гуфт, созиши ахир мушкили онҳоро то ҳадде сабук хоҳад кард. Ӯ рӯзи 14-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар гузашта муҳоҷирони тоҷик маҷбур буданд, ҳар моҳ як бор марзи Қазоқистонро гузашта, барои идомаи кору зиндагӣ дубора ба он кишвар баргарданд.

"Ҳоло ки муҳлати будубош то 90 рӯз дароз шудааст, хеле сабукӣ барои муҳоҷирон аст. Чунки ҳар моҳ марзи Қазоқистонро гузашта ба Қирғизистон рафтан ва дубора баргаштан осон набуд. Муҳоҷирон ҳангоми убури ин марз рӯзи хуш надоштанд. Ман худам ҳангоми гузаштани ин марз бо мушкил рӯбарӯ шудам. Ҳатто аз ман пул талаб карданд", - афзуд ӯ.

Ордени давлатӣ

Каримҷон Ёров
Каримҷон Ёров

Ин ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон мегӯяд, Қазоқистон баъди Русия дувумин кишвари муҳоҷирати шаҳрвандони Тоҷикистон аст ва ҳамагуна созиш дар ин маврид ба нафъи онҳост.

Мақомоти Тоҷикистону Қазоқистон рӯзи 14 -уми март дар маҷмуъ 11 санаду созишномаи ҳамкориро имзо гузоштанд. Яке дигар аз созишномаҳои имзошуда дар ҷараёни сафари раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Қазоқистон дар мавриди «реадмиссия» ё табодули зиндониён аст.

Эмомалӣ Раҳмон субҳи чаҳоршанбе, як рӯз пеш аз музокироти раҳбарони Осиёи Марказӣ ба Остона рафт ва бо ҳамтои қазоқистониаш, дарозумртарин раҳбари Осиёи Марказӣ Нурсултон Назарбоев мулоқот кард. Сафари расмии оқои Раҳмон бо гирифтани ордени давлатии "Парасат" шуруъ шуд.

Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон гуфт, Эмомалӣ Раҳмон барои даъвати сафари расмӣ ва, инчунин, тақдими ордени давлатӣ ба раҳбрияти Қазоқистон изҳори сипос карда, таъкид намудааст, ки Остона дар сиёсати хориҷии Душанбе ҷойгоҳи намоён дорад. “Мо минбаъд низ барои рушди муносибатҳо манфиатдорем”, - афзудааст ӯ.

Ташвиш аз аҳузури ҷангҷӯён дар шимоли Афғонистон

Ду тараф баъди ситоиши ҳамкориҳо, масоили минатақавӣ ва байналмилалӣ, бахусус ноамниҳо дар шимоли Афғонистонро баррасӣ кардаанд. Бино ба навиштаи вебсайти раиси ҷумҳури Тоҷикистон, “вобаста ба тезутунд шудани рақобати дохилисиёсӣ ва афзоиши шумораи нерӯҳои ҷангиёни давлати бо ном исломӣ дар қисми шимолии Афғонистон пешниҳод гардид, ки иқтидори нерӯҳои сарҳадии Тоҷикистон ҳамчун кишвари пешгоҳи муқовимат ва хатар, пурқувват карда шавад.”

Қазоқистон яке аз шарикони суннатии иқтисодиву сиёсии Тоҷикистон дар минтақа ба ҳисоб меравад. Дар солҳои ҷанги дохилии Тоҷикистон - Қазоқистон ҳам яке аз кишварҳое буд, ки ба даҳҳо ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон сарпаноҳ дод. Дар муддати солҳои истиқлолият Қазоқистон ба кишвари дувуми муҳоҷирати кории шаҳрвандони Тоҷикистон табдил шуд. Дар нимаи аввали соли 2016, 90 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар ин кишвар бо ҳадафи кору даромад ба сар бурдаанд.

Қазоқистон ба Тоҷикистон чӣ медиҳад, чӣ мегирад?

Ба иттилои Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти стратегии Қазоқистон, аксар муҳоҷирони тоҷик дар марказҳои тиҷоративу иқтисодии он кишвар - Алмаато, Остона ва минтақаи ҷанубӣ кору фаъолият мекунанд. 60 дарсади онҳо дар бахши тиҷорату бозор, 20 дарсад дар сохтмон ва 10-дарсадӣ дар бахши истеҳсолот ва машғулияти ихтисосии дигар (духтур, омӯзгор ва ғайра) кор мекунанд.

Соли гузашта ҳаҷми додугирифти маҳсулот миёни ду кишвар низ 24 дарсад афзуда, ба 838 миллион доллари амрикоӣ расидааст. Тоҷикистон аз Қазоқистон орд ва гандум, равғани растанӣ ва сӯзишворӣ, аз ҷумла, гази моеъ ворид карда, ба он кишвар маҳсулоти кишоварзӣ содирот мекунад.

Робитаҳои дипломатии Қазоқистону Тоҷикистон аз 7 январи соли 1993 оғоз шуда буд. Намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Қазоқистон моҳи июни соли 1993 ифтитоҳ шуда, намояндагии Қазоқистон дар сатҳи сафорати расмӣ дар Душанбе аз моҳи апрели соли 1998 ба кор шурӯъ аст.

XS
SM
MD
LG