Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳс бар сари 200 сомонӣ – Куштори ронанда Уктам Содиқов дар Ашт


Маркази ноҳияи Ашт. Акс аз бойгонӣ
Маркази ноҳияи Ашт. Акс аз бойгонӣ

Шамсиддин Шодиматов – сокини Ашт – рӯзи 24-уми март, баъди баҳс бар сари нархи роҳкиро, як ронандаи таксиро дар ҷамоати Понғози ноҳия бо зарби корд шадидан захмӣ кардааст.

Бархе аз сокинони ноҳияи Ашт ҳангоми бозгашт аз Русия дар Хуҷанд мунтазири мусофирбар наистода, таксӣ киро мекунанд.

Ин ронандаи 58-солаи таксӣ, ки манобеи Радиои Озодӣ аз ӯ Уктам Содиқов ном бурданд, пас аз ҷарроҳӣ дар бемористони Шайдон, маркази ноҳияи Ашт, ҷон додааст. Гуфта мешавад, Содиқов сокини шаҳри Хуҷанд аст.

Манобеъ дар ноҳияи Ашт гуфтанд, ки Шамсиддин Шодиматов, сокини маҳаллаи Устоёни ҷамоати Понғоз, қаблан дар Русия ба чаҳор соли зиндон маҳкум шуда буд. Вай рӯзи шанбе аз Русия ба Хуҷанд омада, то расидан ба зодгоҳаш – ҷамоати Понғоз – таксӣ киро кардааст.

"Ӯ аз Русия меомадааст. Баъд аз зуҳр дар шаҳри Хуҷанд ин таксиро ба дусад сомонӣ киро кардааст. Вақте ба ҷамоат мерасад, байни онҳо бар сари нархи роҳкиро баҳс мешавад. Сипас, Шодиматов ронандаро ба болотари ҷамоат бурда, ба танаш чанд корд задааст”, - афзуд манбаъ.

Ин ҳамсуҳбати мо гуфт, сокинон ронандаи таксиро аввал ба бемористони ҷамоати Понғоз бурда, сипас, аз онҷо ба шифохонаи марказии ноҳия интиқол додаанд.

Ҷамоати Понғоз баъди омадани сел. Акс аз бойгонӣ
Ҷамоати Понғоз баъди омадани сел. Акс аз бойгонӣ

Бархе аз сокинони ноҳияи Ашт ҳангоми бозгашт аз Русия, махсусан ҳангоми бегоҳӣ, дар Хуҷанд мунтазир наистода, таксӣ киро мекунанд. Аммо баъзе аз ронандаҳои таксӣ, ки то деҳаҳои дурдасти Ашт нарафтаанд, баъди расидан ба маҳалли гуфтаи муштарӣ метавонанд бо онҳо вориди баҳс шаванд. Яке аз норозигии ронандаҳо ин аст, ки роҳ пурпечутобу тӯлонист.

Аз Хуҷанд то ноҳияи Ашт беш аз 100 километр роҳ аст. Ронандаҳои таксӣ дар Хуҷанд ҳаққи рафту баргаштро аз муштарии худ мегиранд ва қимати он ба тақрибан дусад сомонӣ ва гоҳе вақт аз он бештар мерасад.

"Зоҳиран баҳси ин ду нафар низ бар сари тӯли роҳ ва нархи роҳкиро сар задааст. Мегӯянд, азбаски дар мошин дурбини назоратӣ насб шуда будааст, мақомот зуд омили марги ронандаро ёфта, субҳи 25-уми март дастгир кардаанд", - гуфт мусоҳиби мо.

То ба ҳол мақомоти пулис дар ин бора изҳори назар накардаанд. Дар Раёсати умури дохилии вилояти Суғд гуфтанд, ки ба эҳтимоли зиёд ҷузъиёти ин қазия рӯзи душанбе эълон хоҳад шуд.

Ҳоло нисбат ба Шамсиддин Шодиматов парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ӯ дар боздоштгоҳ аст.

XS
SM
MD
LG