Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози масдудшавии паёмрасони Telegram дар Русия


Догоҳи Таганский амри масдудшавии Telegram-ро содир кард
Догоҳи Таганский амри масдудшавии Telegram-ро содир кард

Манъи дастрасӣ ба паёмрасони Telegram бо ҳукми додгоҳи Таганский дар Русия оғоз шуд,- дар ин бора сомонаи Роскомнадзор рӯзи душанбе хабар дод.

Дар давоми рӯз ин муассиса аз мағозаҳои App Store ва Google Play дархост мекунад, ки замимаи Telegram-ро лағв кунанд. Дар ин бора раҳбари Роскомнадзор Александр Жаров ба Интерфакс хабар дод.

Рӯзи ҷумъа додгоҳе дар Маскав амри оҷилан бастани шудани Telegram-ро содир кард. Ҳукм баъди он содир шуд, ки раҳбарияти Telegram бо такя ба банди Қонуни асосӣ дар бораи мукотибаи маҳрамона, аз додани калиди паёмҳои корбарон ба Хадамоти амнияти Русия сарпечӣ кард. Ҳамон рӯз Роскомнадзор Telegram-ро ба феҳрасти замимаҳои мамнӯъ дар Русия ворид кард.

Бунёдгузори Telegram Александр Дуров гуфт, ки паёмрасон фаъолияташро бо истифода аз қуфлшиканҳо ва VPN идома медиҳад.

XS
SM
MD
LG