Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА имрӯз алайҳи Русия таҳримҳои нав эълон мекунад


Хробаҳои Дума. 16 апрели соли 2016

Интизор меравад, ки имрӯз Амрико алайҳи Русия таҳримҳои нав ҷорӣ кунад. Таҳримҳои нав вокуниши ИМА ба пуштибонии Русия аз раҳбари Сурия Башор Асад аст, ки ба истифодаи силоҳи кимиёвӣ муттаҳам мешавад.

Тибқи пешбинӣ, таҳримҳои нав ширкатҳоеро ҳадаф қарор медиҳанд, ки дар таъмини режими Башор Асад бо таҷҳизоти марбут ба силоҳи кимиёвӣ даст доранд.

Шабакаи телевизионии CNN бо такя ба манбаҳояш мегӯяд, ки мақомоти амрикоӣ фаъолияти беш аз 10 ширкати Русия, бо шумули бонкҳо ва фурӯшандагони таҷҳизотро омӯхтаанд ва интизор меравад, ки бахше аз онҳо зери таҳрим қарор бигиранд. Ба гуфтаи CNN таҳрим алайҳи ширкатҳои фурӯшандаи чархболҳо низ баррасӣ мешавад.

Намояндаи ИМА дар Созмони Милали Муттаҳид Никки Ҳейлӣ рӯзи якшанбе гуфт, ки "ҷомеаи байналмилалӣ ба бозгашти силоҳи кимиёвӣ ба зиндагии мо иҷозат намедиҳад, Асад инро меъёр мекунад, Русия онро мепӯшонад,- ин ҳама бояд қатъ шавад".

Сухангӯи Кремлин Дмитрий Песков гуфт, ки таҳримҳои нави ИМА ба Сурия рабт надоранд. Ба гуфти ӯ, ҳадафи онҳо - берун кардани Русия аз бозорҳои байналмилалӣ аст. Песков таҳримҳро "талоши рақобати ноодилона" номид.

Видеоҳои охирин

Сокини Данғара дар талоши дастдарозӣ ба сайёҳи хориҷӣ гумонбар шуд
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:43 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG