Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порлумони Қирғизистон нахуствазир ва ҳукумати навро тасдиқ кард


Муҳаммадхалӣ Абилғозиев
Муҳаммадхалӣ Абилғозиев

Порлумони Қирғизистон рӯзи 20-уми апрел, пас аз як рӯзи эълони нобоварӣ ба ҳукумати шарики наздики президенти собиқ Алмосбек Отамбоев, номзадии Муҳаммадхалӣ Абилғозиевро ҳамчун сарвари ҳукумат ва, инчунин, кабинети вазирони ӯро тасдиқ кард.

Ҳукумати нав, ки Абилғозиев пешниҳод кард, аз вазирони нав ва мақомдорони ҳукумати нахуствазири пешин Сафар Исҳоқов иборат аст.

Президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков, ҳукумати Исҳоқовро рӯзи 19-уми апрел, баъди эълони нобоварии порлумон пароканда кард. Исҳоқов аз нафарони наздик ба президенти пешин Алмосбек Отамбоев ба шумор меравад ва барканории ӯ аз мақом ҳамчун аломати идомаи муборизаи Ҷеенбеков ва президенти пешин Отамбоев барои қудрат маънидод мешавад.

Президенти пешин Алмосбек Отамбоев баъди рафтан аз қудрат дар моҳи ноябри соли гузашта, чанд моҳ фаьолияти густарда надошт. Аммо баъди интихоб шудан ба ҳайси раҳбари ҳизби сотсиал- демократ дар рӯзи 31-уми марти имсол, ҷойгузини худ Сооронбой Ҷеенбековро дар чанд маврид ошкоро танқид кард.

Аввали моҳи апрел Ҷеенбеков раҳбари Кумитаи амнияти миллӣ Абдил Сегизбоев ва додситони кулл Индира Ҷолдубоеваро, ки аз нафарони наздик ба Отамбоев ҳисоб мешаванд ва барои саркӯб кардани мухолифин ва хабарнигорон мавриди танқид қарор доранд, аз мақомашон барканор кард.

XS
SM
MD
LG