Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳизби демократ алайҳи Трампу Русия ва Викиликс шикоят кард


Ҳилларӣ Клинтон ва Доналд Трамп
Ҳилларӣ Клинтон ва Доналд Трамп

Ҳизби демократи Амрико рӯзи 20-уми апрел алайҳи Русия, тими интихоботии Доналд Трамп ва саҳифаи интернетии «Викиликс» ба додгоҳе дар Ню-Йорк шикоят кард. Дар аризаи даъвогӣ иддао шудааст, ки масъулони баландпояи ситоди интихоботии Доналд Трамп бо ҳукумат ва мақомҳои истихборотии Русия як шуда, интихоботи соли 2016-ро ба фоидаи ӯ анҷом доданд.

Ҳизби демократ ҳамчунон дар санадҳое, ки ба додгоҳ супурд, гуфтааст, ҳамла ба имейлҳои Ҳилларӣ Клинтон, номзади ин ҳизб ба мақоми президенти Амрико, барои баранда шудани Доналд Трамп кумак кардааст. Дар аризаи даъвогӣ иддао шудааст, ки ҳамкорони калидии Трамп гуфтаанд, Русия ба маълумоти Ҳилларӣ Клинтон садама ворид кардааст.

Бо онки дар ин шикоят аз Доналд Трамп ба унвони муттаҳам ёд шудааст, аммо аз касоне ном бурда шудааст, ки гумон меравад дар ҷараёни маъракаи интихоботии Трамп бо мақомҳои русӣ дидор кардаанд. Дар маҷмуъ ин афрод Доналд Трампи хурдӣ – фарзанд, Ҷерад Кушнер – домод ва Пол Манафорт – раиси маъракаи интихоботии Доналд Трамп ҳастанд.

Доналд Трамп пайваста ҳамагуна иртиботи тими интихоботиаш ва Русияро рад кардааст. Маскав низ гуфтааст, ки дар интихоботи президентии соли 2016 дар Амрико мудохила накардааст.

XS
SM
MD
LG