Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

The Guardian: Ғарб роҳи давр задани ветои Русия оиди Сурияро меҷӯяд


Нишасти Ассамблеяи Генералии СММ (акс аз бойгонӣ)
Нишасти Ассамблеяи Генералии СММ (акс аз бойгонӣ)

Кишварҳои Ғарбӣ роҳи давр задани ветои Русия оиди силоҳи кимиёвии Сурия дар Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳидро меҷӯянд, то тарҳи қатъномаи марбутаро ба Ассамблеяи Генералии СММ пешниҳод кунанд. Дар ин бора нашрияи The Guardian рӯзи 24 апрпел бо такя ба манбаҳои дипломатӣ хабар дод.

Қавонини Созмони Милали Муттаҳид дар мавридҳои истисноӣ, вақте масъала ба амнияти ҷаҳон рабт мегирад ва Шӯрои амният ба ҳалли он қодир нест, масъаларо ба баррасии Ассамблеяи Генералии СММ пешниҳод мекунад, ки 193 давлати узви СММ дар он намоянда доранд. Барои гузаронидани қарорҳои истисноӣ, пуштибонии 9 узви Шӯрои амният ва сеяки кишварҳои иштирокчии Ассамблеяи Генералӣ зарур мешавад. Ҳеҷ як кишвари узви Ассамблеяи Генералии СММ ҳақи ветогузорӣ надорад.

ИМА, Британия ва Фаронса ба қабули қатънома дар бораи мушаххас кардани гунаҳкорони истифодаи силоҳи кимиёвӣ дар шаҳри Думаи Сурия ва ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорон пофишорӣ мекунанд. Онҳо нерӯҳои ҳукумати Сурияро масъул медонанд. Аммо Русия бо вето аз қабули ин гуна қатънома ҷилавгирӣ кард.

Ҳоло коршиносони СММ оиди манъи истифодаи силоҳи кимиёвӣ дар Сурия ба кор оғоз кардаанд. Аммо онҳо танҳо метавонанд истифода шудан ё нашудани силоҳи кимиёвиро ошкор кунанд, на гунаҳкорони ин амалро.

Димишқ ва Маскав мегӯянд, ҳамлаи кимиёвӣ саҳнасозие буд, ки бо ҳадафи дахолати кишварҳои Ғарб ба низои Сурия амалӣ шуд.

XS
SM
MD
LG