Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сенаторҳо аз бонкҳо хостанд, ки ҳисобҳои олигархҳои рус ошкор кунанд


Ситоди Citibank дар Ню Йорк
Ситоди Citibank дар Ню Йорк

Намояндагони ҳизби Демократи Амрико дар Сенат аз бонкҳои бузурги байналмилалӣ талаб карданад, ки маълумот дар бораи ҳисобҳои шаҳрвандони Русияро, ки номашон ба "гузориши Кремл" - рӯйхати афроди наздик ба президент Путин ворид шудааст, ошкор кунанд. Нома ба ин мазмун аз номи сенаторҳо Ҷин Шаҳин ва Шелдон Уайтҳаус ба се бонки бузурги амрикоӣ ва панҷ бонки аврупоӣ ирсол шуд. Дар ин бора Reuters рӯзи 25 апрел бо такя ба ин санад гузориш дод.

Нома ба Bank of America, JPMorgan Chase Citibank, Deutsche Bank ва бокҳои дигар фиристода шуд. Сенторҳо аз бонкҳо мехоҳанд дар бораи санҷиши панҷ соли ахир ва ҳисобҳои бонкии марбут ба нафарони "рӯйхати Кремл" ҳисобот диҳанд. Дар сурати сарпечии бонкҳо аз додани маълумот, сенаторҳо алайҳи онҳо иқдоми ҷиддӣ, бо шумули бозҷӯии давлатиро дархост мекунанд.

Ибтикори Шаҳин ва Шелдон ҳамчун қадами навбатӣ дар маъракаи фишор ба Кремл арзёбӣ мешавад, ки қонунгузорони амрикоӣ дар посух ба амалкардҳои хашмгинонаи Русия дар саросари ҷаҳон, анҷом медиҳанд.

30 январ Вазорати молияи ИМА "рӯйхати Кремл"-ро нашр кард, ки ба он исми нафарони наздик ба президенти Русия Владимир Путин ворид шудааст. Эҳтимол дорад, ки алайҳи ин нафарон, дар заминаи дахолати Русия ба умури интихоботи соли 2016-и Амрико таҳрим ҷорӣ шавад.

XS
SM
MD
LG